Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Алвидоъ, эй фарзанди далеру ҷасури Ватан!

Тоҷикистон имрӯз яке аз фарзандони содиқ, ватандӯст ва ҷоннисори худро аз даст дод. Хабари даргузашти Раиси муҳтарами Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавонмарди роҳи ҳақу адолат, фидокори роҳи озодиву ободӣ, адолатгустару адолатхоҳ, фарзанди асили миллат ва содиқтарин пайраву шогирди мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, қалбҳои миллионҳо ҳамватанро андӯҳгин намуд.

Марҳум аз зумраи шахсиятҳое буд, ки тамоми умру фаъолияти хешро ба хидмати халқу Ватан, таҳкими ваҳдату субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ бахшида буд. Ному корномаи ӯ ҳамчун рамзи садоқат ба давлат, эҳтиром ба мардум ва масъулиятшиносии баланди шаҳрвандӣ дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин мусибати гарон, ин талафоти ҷуброннопазир ва ин андӯҳи сангинро бо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон тақсим намуда, ба аҳли хонавода, пайвандону дӯстдорони арҷманди марҳум ва кулли сокинони кишвар таъзияи амиқу самимии худро изҳор менамояд.

Алвидоъ, эй фарзанди далеру ҷасури Ватан! Алвидоъ, эй намунаи садоқат, ҷавонмардӣ ва хидмати беғаразона ба мардум! Алвидоъ, эй марди роҳи ҳақ, ки номи нек ва корномаи мондагори ту дар хотири миллат ҷовидона хоҳад монд.

Рӯҳи покатон шод, манзили охирататон мунаввар ва ҷоятон дар биҳишти ҷовидон бод. Худованди бузург шуморо ба раҳмати бекаронаш фаро гирифта, дар фирдавси аъло мақоми шоиста ато намояд.
Номи неку хизмати содиқонаи шумо то абад дар қалбҳои мардум зинда хоҳад монд.