ВМКБ. Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ
Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрокунандаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, иҷрокунандаи раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонашонро хонандагон пешвоз гирифта дар васфи Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуданд.
Сипас дар толори театри вилоятӣ чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, Сафарзода Шарифхон Нураҳмад иҷрокунндаи вазифаи раиси вилоят аҳли толоро бо фарорасии ин санаи муҳим шодбош намуда, изҳор дошт, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб ёфта, комёбиҳои рӯзафзунамон дар ҳама ҷодаҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ аз он вобастагии зич дорад. Гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикон давлат ато намуда сулҳу ваҳдати миллӣ онро ҳифз ва таҳким бахшид. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки дар меҳвари ҳамаи омилҳои сулҳофар шахсияти бузурги абармарди майдони сиёсат, ходими сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои таърихофари тоҷик , сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят аз дастовардҳои аз Рӯзи ба имзорасидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ВМКБ ёдовар шуда, таъкид дош маҳз бо дасутуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат вилояти Бадахшон рушд намуда дар 5 соли охир ба дастовардҳои бузурге ноил гардиданд. Маҳз ваҳдати миллӣ суботи комил буд, имрузҳо дар вилоят корхонаҳои саноатӣ, хонаҳои баландошёна ва ҳазорҳо иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Пас аз баромади Сафарзода Шарифхон иҷрокнунандаи раиси вилоят филми ҳуҷҷати дар бораи ваҳдат ба маърази тамошо гузошта шуд.




