Паёми табрикотиии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба ифтихори Рӯзи Ваҳдатӣ миллӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо мардуми шарифти Тоҷикистон дар фазои ороми сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи комили миллӣ 29 –умин солгарди ба имзо расидани созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро таҷлил намуда истоданд.
Ин рӯзи басо фархунда ва таърихист, ки барои мардуми мо паёми сулҳу оштӣ, ризову салоҳ ва суботу пойдорӣ овард. Миллати тоҷик ба қадри ин неъмати бузург расида ва имрӯз мартабаи ваҳдат аз ҳарвақта бештару беҳтар эҳсос мегардад.
Басо рамзист, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ боз як ташаббуси навбатии фарзонафарзанди миллат, Пешвои тоҷикиони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки ин нуфузи ватани азизамонро боз дар арсаи ҷаҳон баланд мебардорад. Аз ин лиҳоз ҳамаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо ин ду санаи фархунда самимона шодбош намуда, ба ҳамагон тани сиҳату табъи шукуфо, зиндагии бобаракату дастархони пурнеъмат, дили шоду рӯзгори обод таманно менамоям. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ як руйдоди нодири таърихӣ ва барои миллати тоҷик тақдирсоз гардид.
Таъмини сулҳу субот ва пойдории тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо натиҷаи ҷонфидоию заҳматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба андешаи Пешвои миллат: “Ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст”..
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва созанда дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ин обруву нуфуз натиҷаи сиёсати хирадмандона, меҳнати содиқонаи мардум ва пеш аз ҳама, самараи ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдат моро ба ҳам овард, ҷомеаро муттаҳид сохт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи мусоид фароҳам намуд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин неъмати бебаҳоро қадр намояд, барои ҳифзу таҳкими он талош намояд ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ ба ёдгор гузорад.
Бо иқдоми наҷиби Роҳбари Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2022 марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят эълон гардида, имрӯз мо бараъло самараи таҳкими комили ваҳдати миллӣ, суботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонунро дар ҳудуди вилоят дида истодаем. Ҷоиз ба зикр аст, ки 5 соли охир зери парчами истиқлолият, дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар минтақаҳои кишвар, бо дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръат рушд намуда истодаст.
Имсол мардуми тоҷик 35- умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд ва моро зарур аст корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ҷиҳати дар сатҳи баланд сазовор намудани ин санаи таърихӣ чораҳои зарурӣ андешем. Эътимоди комил дорем, ки чун дигар минтақаҳои Ватани маҳбубамон, мардуми заҳматқарин ва сарбаланди Бадахшонзамин тамоми нерӯ, дониш, таҷриба ва малакаву маҳорати хешро баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.
Бо изҳори ниятҳои хайр бори дигар ҷашни Ваҳди миллиро барои ҳамватанони азиз табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон ободии рӯзгор ва ҳаёти пурсаодатро таманно менамоям.



