ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, даъвати ҳафтум, ки имрӯз таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон баргузор гардид, бо садо додани суруди миллии ба кори худ шурӯъ намуд. Баъдан ҷиҳати пос доштани хизматҳои беназир дар роҳи ободии Ватан ва хотираи неки раиси марҳуми ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд.
Дар ҷараёни кори иҷлосия чор масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз руйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз руйи масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия “Тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили навинтихобшуда аз ҳавзаи интихоботии Тишор №25-и ноҳияи Шуғнон ба ивази вакили хориҷшуда” раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ахборот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки тибқи қонунгузории ҶТ 15-уми марти соли 2026 дар ҳавзаи мазкур интихобот баргузор гардида, бо 96,7 фоизи овози интихобкунандагон Мамадносиров Мақсад вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб гардид.
Вакили навинтихобшуда савганд ёд намуда, аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба у шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида шуданд.
Аз руйи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия “Рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 24-уми майи соли 2023, №170 “Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023, №135 “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027” муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ахборот дод. Гуфта шуд, ки нақшаи амали барномаи мазкур аз 46 номгуйи барномаҳо ва 6 номгуйи нишондҳандаҳо, ки индекатори асосӣ барои баҳогузорӣ ба ҳисоб мераванд, иборат мебошанд. Зикр гардид, ки дар ин давра 15 ҳазору 744 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят дар ҳудуди вилоят тайи солҳои 2023-2025 аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 43 ҳазору 962 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳолати 1-уми майи соли 2026 ин нишондлиҳанда дар ҳудуди вилоят ба 3 ҳазору 345 адад баробар шудааст. Давоми солҳои 2023-2025 аз ҷониби корфармоён ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 4 ҳазору 876 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардидаанд. Дар ин замина 236 маротиба яармаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар онҳо 2 ҳазору 425 нафар бо кор таъмин гардиданд. Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби шуъба ва бахшҳои шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо 43 маротиба чунин ярмаркаҳо ташкил гардида, аз ҷониби 93 корхона 409 адад ҷойҳои нави корӣ пешниҳод гардиданд. тибқи иттилои муовини раиси вилоят тавассути амалӣ намудани нишондодҳои Барнома тайи солҳои 2023-25 4 ҳазору 294 нафар бонувон ва 467 нафар ҷавонон ба кор ҷалб гардиданд. Ҳамзамон, дар 7 адад филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” давоми солҳои 2023-2025 4 ҳазору 300 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзи фаро гирифта шуданд. Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкории хурд ба 1 ҳазору 225 нафар шаҳрвандони бекор маблағи 4 миллиону 597 ҳазору 259 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бошад ба 237 нафар маблағи 1 миллиону 108 ҳазору 25 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Зимни таҳлили масъалаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз масъулини соҳа даъват намуд, ки ба раванди ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор таваҷҷӯҳи хос зоҳир кунанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҷоннок намоянд. Маҳз фаъолияти пурсамар дар ин самт метавонад сатҳи бекориро коҳиш диҳад ва сатҳи некуаҳволии сокинонро баланд бардорад.
Дар ҷараёни кори Иҷлосия ҳамчунин масъалаҳои сеюм ва чорум “Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ҳавзаи интихоботии Зинг №2-и ноҳияи Дарвоз” ва “Тасдиқи қарорҳои раиси ВМКБ, ки дар байни иҷлосияҳои панҷум ва шашуми даъвати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ” баррасӣ гардида, аз руйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Зимни ҷамъбасти кори иҷлосия иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Сафарзода Шарихон Нураҳмад аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ-35-солагии истиқлоли давлатӣ фаъол бошанд ва якҷо бо сокинон маҳаллӣ иншооти сохташавандаро сари вақт ва бо сифати баланд омода кунанд.
Ҳамзамон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳо баҳри истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ муваззаф гардиданд. Гуфта шуд, ки то таҷлили ин санаи таърихӣ фурсат кам мондааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки онро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.




