ВМКБ. Оғози озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон-ватани азизи ман”
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилоят Авзалшо Муслима Аскаршо иштирок намуда, зимни баромад иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулаём дорои фарҳанги бою ғаннӣ буда, маҳз бо расму русум ва сунатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маъмулу машҳур мебошад. Гуфта шуд, ки баргузории озмуни имсола аз озмунҳои солҳои гузашта ба кулли фарқ дорад, зеро имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ва ҳар як иштирокчии озмуни мазкур низ орзу доранд, ки дар ин соли таърихӣ ба дастовардҳои арзанда сазовор гарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» барои сокинон имконият фароҳам овард, ки истеъдодҳои нав ба майдони фарҳангу ҳунар ворид гарданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” довталабон аз руйи номенатсияиҳои дар асоси талаботи низомнома иштирок менамоянд.




