ВМКБ. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст гардиданд
Ба ин муносибат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Авзалшо Муслима ва
маросим қадрдонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад муовини раиси вилоят иброз дошт, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” бо ибтикор ва сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир ба ҳукми анъана даромада, тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯз дар онҳо иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон дода истодаанд.
Баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” аз иқдоми шоистаи фарҳангпарваронаи Роҳбари давлат дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, имрӯз он ба майдони бузурги санъату ҳунар ва эҷод табдил ёфта, барои ҳифз ва нигаҳдории фарҳанги асил ва бостонии миллати бузурги тоҷик заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст.
Бурҳонов Манучеҳр- декани факултет дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, раиси ҳакамон иброз дошт, ки соли равон довталабон бо тайёрии ҷиддӣ ба озмун ҳозир шуда, ҳар як иштирокчӣ аз худ маҳорати баланди ҳунарӣ нишон доданд.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” довталабон аз рӯйи 6 номинатсия иштирок намуда, 85 нафар ба даври ҷамъбастӣ роҳхат пайдо намуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ғолибони озмуни мазкур бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.




