Ҳамоиш бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»
Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ташаббуси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» ҳамоиш бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат баргузор гардид.
Нахуст, Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Орифшоев Исмоил баромад намуда, иброз дошт, ки санаи 25 июни соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи муҳим ва бисёр саривақтиро бо ташаббуси Пешвои раъиятпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро қабул намуд, ки ин мавқеи давлати моро дар арсаи ҷаҳон боз баланд бардошт. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовари намуда, зикр дошт, ки кулли хурду бузурги миллати тоҷик бо чунин Роҳбари хирадманду оқил ифтихори бузург доранд.
Дар ҳамоиш инчунин дигар иштирокдорон низ вобаста ба масъала фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Дар охири ҳамоиш муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат дар баромади худ таъкид дошт, ки қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи саҳми арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот мебошад. Қайд гардид, ки тамоми ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат обрӯву нуфузи давлати моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сатҳи баланд расонида ва имрӯз ҳар як сокини кишвар бо Пешвои сулҳофари миллат ифтихор доранд.




