Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо назаррасанд

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2026 таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кғҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад баргузор гардид, ки дар кори он котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иштирок намуд.
Аз руйи масъалаи баррасишаванда муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо ахборот манзур намуд. Гуфта шуд, ки дар нисмолаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 753 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 7,9 фоиз расонда шуд, ки ба ҳар нафар сокини вилоят 3 ҳазору 182 сомонӣ рост меояд.
Давоми давраи ҳиосботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ВМКБ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 153,7 миллион нақшаи пешбинишуда ба буҷет малағи 154 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 21 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз руйи даромади худӣ ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардид. Ба ҳолати 5-уми июли соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат вуҷуд надорад.
Вобаста ба фаъолияти низоми бонкии минтақа муовини раиси вилоят иброз намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ба маблағи 215,2 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз ё 59,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бақияи пасандозҳои дар ин давраи маблағи 650,3 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраки соли 2025  104,2 миллион сомонӣ ё 19,1 фоиз зиёд гардидааст.
Дар идомаи ахбороти худ муовини раиси вилоят иброз дошт, ки мақомоти вилоят дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ҷиҳати гузаштан ба низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ табирҳои амалиро руйи даст гирифта, ба ғайр аз  ноҳияҳои Мурғобу Роштқалъа дигар шаҳру ноҳияҳо пурра ба низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ворид гардиданд.
Дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 348 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд, ки то ба ҳамин руз 294,5 миллиони он аз худ карда шудааст.  Шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз 191 адади аввали соли ҳисоботӣ ба 207 адад расонида шуда, ин раванд то охири сол идома меёбад. Давоми давраи ҳисоботӣ ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 245,6 миллион сомониро ташкил дод.
Муовини раиси вилоят инчунин вобаста рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот манзур намуда изҳор дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 299,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Дар идомаи ҳисоботи нимсола муовини раиси вилоят ҳамзамон фаъолияти соҳаҳои роҳу алоқа, маорифу тандурустӣ, фарҳангу занон, ҷавонону варзиш ва таъмини тартиботи ҷамъиятиро мавриди таҳлил қарор дод.
Зимни таҳлили ҳисобот котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод  изҳор намуд, ки бо дарназардошти ҳамасола бунёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ба ҳамин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ вобастагӣ аз субвенсия ва паст намудани шиддати раванди муҳоҷирати сокинон бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои муассир руйи даст гирифта шаванд.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки новобаста аз зиёд шудани имкониятҳои нав барои ҷалби андозбандӣ нишондиҳандаҳои андоз қонеъкунанда нестанд. Ҳамзамон, аз хароҷоти буҷет давоми давраи ҳисоботӣ изҳори норозигӣ карда шуд, ки дар навбати худ сардори Сарраёсати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ холӣ мондани воҳидҳои корӣ дар идораву муассисаҳо ва дар захира мондани сузишворӣ барои зимистонгузаронӣ аз солҳои пешро аз омилҳои асосӣ арзёбӣ намуд.
Зимни баромади худ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бори дигар аз хизматҳои неки раиси марҳуми ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ёдовар шуда, саҳми уро дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят арзанда арзёбӣ намуд. Ҳамчунин котиби Шӯрои амният дар робита ба раванди корҳои ободониву созандагӣ ибрози назар карда иброз дошт, ки сохтмони ҳар як иншооти на танҳо ба симои шаҳру ноҳияҳо зебогии нав зам мекунад, балки ба баланд рафтани сатҳи рушди иқтсодиёти минтақа низ таъсиргузор аст. Корҳои ободониву созандагӣ на танҳо ба хотири таҷлили ҷашни 35-солагии истиқлдоли давлатӣ, балки мунтазам вусъат дода шаванд. Ба гуфтаи Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зарур аст, ки дар вилоят ба таъсиси корхонаҳои коркарду истихроҷи маъданҳои куҳӣ бештар таваҷҷӯҳ равона карда шавад, зеро барои рушди ин соҳа вилоят иқтидорҳо зиёд дорад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад  зимни баромади худ нишондодҳои омории нисмолаи авали соли 2026-ро қонеъкунанда арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳисоботи фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Бадахшон  нишон медиҳад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои молиявӣ пурра ва сари вақт иҷро гардиданд.
Ба гуфтаи Сафарзода Шарифхон-иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ зарур аст, ки бо неруи даҳчанд ҳамагон тамоми донишу таҷрибаи худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муқаддаси миллӣ равона созанд.
Дар ҷараёни кори машварат вазифаҳои минбаъда барои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2026 муайяну мушаххас карда шуда, ҳамагон баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда дар фаъолияти кориашон вазифадор гардиданд.