Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Сафарзода Шарифхон Нураҳмад Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд

Ҷиҳати ба амал баровардани тағйироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ субҳи имрӯз таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Асадулло Раҳмон ҷаласа баргузор гардид.
Асадулло Раҳмон Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бо сабаби вафот аз вазифа раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шудани Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ба вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардидани Сафарзода Шарифхон Нураҳмадро ба саҳми ҳозирин расонд. Изҳор дошт, ки кору пайкори созанда ва номи неки собиқ раиси вилоят шодравон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд ва имрӯз зарур аст, ки аҳли зиё, фаъолон ва сокинон баҳри пурра амалӣ кардани нақшаву ниятҳояшон ба хотири истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии раиси навтаъин Сафарзода Шарифхон камари ҳиммат банданд.
Аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат баҳри амалигардонии ин иқдом тамоми имкониятҳои фароҳам оварда шуданд. Ба гуфтаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон корҳои ободониву созандагие, ки давоми 5 сол дар вилоят ба анҷом расонида шуданд қиёснашаванданд. Аз сафарзода Шарифхон Нураҳмад ҳамчун кадри ботаҷриба ва роҳбари бомаҳорат номбурда дар иҷрои вазифа масъулият, содиқият ва муносибати нек бо мардум тақозо карда шуд.
Раиси вилоят Сафарзода Шарифхон ҷиҳати аз ҷониби Пешвои миллат сазовор дониста шуданашон ба ин мақом изҳорӣ миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки тамоми фаъолияти кориро аз пештар бештар намуда, баҳри истиқболи арзанда аз ҷашни 35- солагии Итиқлоли давлатӣ тамоми таҷриба, маҳорат ва джониши худро равона хоҳад кард.