Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Оилаҳое, ки аз офати табии зарар диданд, зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд

Имрӯз таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Рушон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси вилоят аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Рушон дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушон ёдовар гардида, зикр доштанд, ки аз лаҳзаи нахустини рух додани офати табиӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани пайомадҳои офат дастурҳои мушаххас доданд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрушон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар умум 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад.

Хонаҳои сокиноне, ки аз офати табиӣ зарар диданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра барқарор карда мешаванд ва то барқарор намудани ин хонаҳо, соҳибони онҳо ба идораву муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳияи Рушон вобаст карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ аз ҳамин рӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегарданд.

Раиси вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад барои бартараф намудани камбудиҳо дар дигар скмтҳо ба масъулин супориш дода, таъкид кард, ки давоми як моҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ бунёд мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамзамон раиси вилоят ҷиҳати баргузор намудани форуми байналмилалии “Помиринвест-2026” ва таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.