ВМКБ. ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “ПОМИРИНВЕСТ 2026” БАРГУЗОР ГАРДИД
Ҳамасола бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Бадахшон дар маркази маъмурии ВМКБ-шаҳри Хоруғ бо ҷалби намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ форуми сармоягузории Помиринвест баргузор мегардад, ки ин иқдом ба хотири ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ, муаррифии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои судманд байни бахши давлатӣ ва хусусӣ роҳандозӣ мегардад. Чун анъана имсол низ форуми мазкур бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар меҳмонон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ки дорои тамоми икониятҳо мебошад баргузор гардид.
Раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва ҳайати ҳамроҳонашонро дар даромадгоҳи бинои мақомот зери навои мусиқӣ аҳли санъату ҳунари вилоят самимона пешвоз гирифтанд.
Сипас роҳбарияти вилоят ва меҳмонон аз тамоми гӯшаҳои ташкилнамудаи намоишгоҳ дидан ба амал оварда, оид ба фаъолияти ҳар як корхонаи истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди вилоят фаъолияткунанда ба меҳмонон маълумот манзур гардид.
Меҳмонон низ ба намоишгоҳи ташкилгардида баҳои баланд доданд. Дар баробари пешниҳоди маҳсулот ҳамзамон дар ҳар як кунҷи макони баргузорӣ ҳайати расмиро зери нави мусиқӣ пешвоз гирифтанд.
Дар идомаи намоишгоҳ барои меҳмонон ҳамзамон, суннатҳои аҷдодии мардуми Бадахшон, ки хеле бой ва гуногунранг мебошанд, муаррифӣ гардиданд.
Қисмати расмии чорабинӣ бо суханронии раиси ВМКБ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оғоз гардид.
Зимни баромад роҳбарияти вилоят ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ ба тамоми иштирокдорони изҳори сипос намуда, онро як қадами дигари устувор дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиёти Бадахшон арзёбӣ кард. Маврид ба зикр аст, ки ки бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Ҳукумати мамлакат ҳамасола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо мақсади рушди бемайлони хоҷагии халқи вилоят ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест” баргузор мегардад ва баргузории Форуми имсола ба даврае рост омад, ки миллати тоҷик барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида истодааст.
Дар панҷ соли охир, дар соҳаи саноат, дар асоси эълон намудани солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат, дар шаҳру навоҳии вилоят 174 корхона бунёд гардида, сохтмони боз 30 корхона идома дорад.
Дар дигар соҳаҳо аз ҷумла, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика низ корҳои бузурге ба анҷом расонида шуданд.
Имсол сохтмони қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ–Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба итмом хоҳад расид. Корҳо дар марҳилаи навбатии сохтмони ин шоҳроҳ оғоз меёбад.
Бо бунёди Неругоҳи барқии обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ва силсила нерӯгоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб иқтидори энергетикии вилоят таҳким ёфт.
Айни замон бошад, корҳои асосноккунии техникӣ- иқтисодии лоиҳавӣ вобаста ба бунёди нерӯгоҳҳои дигар, аз он ҷумла НБО “Санобод” дар ноҳияи Рӯшон, давом доранд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории солҳои охир дар маҷмуъ ва натиҷаи Форуми “Помиринвест” аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки бо ба роҳ мондани фаъолияти масъулиятнок, дар заминаи боварию эътимоди тарафайн, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шарикони рушд метавонанд масъалаҳои зиёдро ҳаллу фасл намоянд.
Мо дастҷамъона таҳти сиёсату ҳидоятҳои Пешвои хирадманди миллат, Роҳбари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои зиёди муҳимро амалӣ намудем ва айни ҳол дар раванди роҳандозии лоиҳаҳои дигар ҳастем.
Пас аз суханронии роҳбари вилоят навори кӯтоҳе оид ба зарфиятҳои асосии рушди Бадахшон намоиш дода шуд. Сипас дигар иштирокдорон вобаста ба имкониятҳои фарохи минтақаи Бадахшон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ сухан ронда, омодагии хешро барои дарёфти шарикони ҳамкор дар роҳи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят изҳор намуданд.
Бояд гуфт, дар форуми имсолаи сармоягузории “Помиринвест-2026” дар маҷмӯъ 57 адад тафоҳумномаҳо ба зиёда 6 млрд 580 млн сомонӣ ба имзо расиданд.




