Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Кӯмаки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони аз офати табиӣ зарардида ба ноҳияи Рушон расид

Чуноне, ки иттилоъ дода будем аз рӯзи сар задани офати табиӣ дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рушон вазъият дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дода, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кӯмаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди хонаҳо ва маводи хурока фиристонда шуд, имрӯз ба ноҳияи Рушон расид.

Сокиноне, ки аз ҳодисаҳои офати табиӣ зарар диданд аз дастгирӣ ва ғамхории рӯзафзуни Роҳбари Олии мамлакат сипосгузор буда, зимни сӯҳбат бо раиси вилоят иброз доштанд, ки ҳар яки сокини сарбаланди ноҳияи Рушон ва умуман тамоми мардуми тоҷик бо чунин як Сарвари оқилу меҳрубон ва ғамхор ифтихор доранд. Раиси вилоят Сафарзода Шарифхон таъкид дошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитҳоро муҳайё намуда, 10 оилае, ки дар натиҷаи офати табии пурра хонаҳояшон вайрон гардиданд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо сохтмони хонаҳо оғоз гардиданд.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дидан намуданд.