ВМКБ. Баррасии арзу муроҷиати сокинон дар заминаи рӯзи қабули шаҳрвандон
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шаҳрвандон ва дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби раиси ВМКБ қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи рӯзҳои қабул гузаронида мешавад.
Ин ҳафта дар рӯзи қабули раиси вилоят Сафарзода Шарифхон зиёда аз 25 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.




