Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Нишасти матбуотии раиси вилоят баргузор гардид

Имрӯз, 12 август соли 2026, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон баргузор гардид.

Нахуст, Раиси вилоят ба аҳли қаламу эҷод барои дастгирии сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инъикоси саривақтии раванди ободониву бунёдкорӣ, инчунин таҳкиму тавсеаи фазои мусоиди иттилоотӣ дар қаламрави вилоят изҳори сипос баён намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи якум бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 153,7 млн нақшаи пешбинишуда ба буҷет маблағи 154,0 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 321, ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи даромади худӣ ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардид.

Оид ба соҳаи бонкдори иброз гардид, ки дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии вилоят ба маблағи 215,2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати хамин давраи соли гузашта – 38% ё 59,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияи пасандозҳои аҳолӣ маблағи 650,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 104,2 млн ё 19,1% зиёд гардид.

Дар ВМКБ ба рушди соҳаи саноат диққати махсус равона гардида сол аз сол бунёди корхонаву коргоҳҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд гардидаст иброз дошт, раиси вилоят. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 118,6 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2025-ум 16,2 млн сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз 191 адади аввали соли ҳисоботӣ ба 207 адад ба ҳолати ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2026 расонида шуд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилоят 25 адад корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 105 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд ва ин шумора то таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлати зиёд мегардад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон зимни баромад таъкид намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 1 июли соли равон 299,2 млн сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2025-ум 289,8 млн сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар баробари дастовардҳои соҳаҳои иқтисоди вилоят раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад инчунин, рушди соҳаҳои иҷтимоиро мавриди таҳлил қарор дода, аз дастоварҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, занону ҷавон, тандурусӣ ва сайёҳӣ маълумот манзур намуд.

Рӯзноманигорон дар масъалаҳои вобаста ба рушди минбаъадаи ВМКБ саволҳо пешниҳод намуда, роҳбари вилоят ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.