Ҷаласаи маҷозӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид
Имрӯз, 13 август соли 2026 ҷаласаи маҷозии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бо раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси вилоят аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаи томактабӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ атрофи иншооти ҷашнӣ пурсиш ба амал овард.
Раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мазкур ба раиси вилоят ахборот дода, иброз доштанд, ки тамоми чорабиниҳои банақшагирифта шуда дар сатҳи зарурӣ баргузор хоҳанд гардид.
Ҳамзамон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва вобаста ба баъзе масъалаҳои муҳими рӯз дастуру супоришҳои ҷиддӣ дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии Бадахшон дар шаҳри Душанбе, ки санаи 23 августи соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии Ирам доир мегардад, масъулинро муваззаф намуданд.




