Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

10 оилаи аз офати табиӣ зарардида соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд

14 августи соли равон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад дар ноҳияи Рӯшон аз рафти корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ барои 10 хонавода, ки дар асари фаромадани сел дар деҳаи Баррушон моҳи июл хароб гардида буданд, дидан ба амал оварданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо рафти сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд намудани манзилҳо супоришҳои махсус доданд. Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ва дар асоси талаботи пурраи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом ёбанд, то сокинон соҳиби манзилҳои зебову замонавӣ гарданд.

Ба иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида мешаванд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз рӯзҳои аввали ба амал омадани офати табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офат тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Ҳамчунин раиси вилоят барои корҳои мумфаршсозии роҳи мошингард байни хонаҳо ва ободониву хуррамгардонии атрофи иншоот ба масъулин тавсияҳои муфид доданд.