Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 18-август рӯзи табибон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Имсол ин санаи фархунд ба даврае рост омад, ки хурду бузурги миллати тоҷик 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истоданд.

Аз ин лиҳоз, табибону ҳамшираҳои шафқат, кулли кормандони соҳаи тиб, аз он ҷумла, собиқадорони гиромиро самимона бо 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва рӯзи пурифтихори кормандони соҳа табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саодати рӯзгор, тинҷию амонӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои зиёдро орзу менамоям!

Ҷойиз ба зикр аст, ки таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ба мавлуди яке аз нобиғаҳои тоҷик, табиби ҳозиқ, шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино алоқаманд аст, зеро ин олими бузург чандин аср, бо заковату дониши худ аз ҳамасрони худ пеш гузашта, кашфиёти ӯ дар соҳаи тиб ва дигар самтҳо то замони мо барои кулли инсоният хизмат намуда истодааст.

Дарвоқеъ, соҳаи тандурустӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуд. Аз он ҷумла, раванди инкишоф ва ислоҳоти соҳа дар ВМКБ низ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, инфрсохтори наву замонавӣ, аз қабили беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, клиникаҳои хусусӣ бунёду азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Таъминот бо мутахассисони баландихтисоси соҳа низ беҳбудӣ ёфта, дохилшавӣ тавассути квотаҳои Президентӣ ба муассисаҳои олии тиббии кишвар ба маротиб афзуд. Маблағгузории соҳа зиёд гардида, заминаҳои модию техникии муассисаҳои тандурустӣ бо ворид кардани технологияи муосир мустаҳкам карда шуд. Соли 2025, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироагардидаи худ иброз доштанд, ки “Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳиоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба исифода дода шудааст”.
Маҳз чунин дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳар як табиб ба касби худ содиқ буда аз он ифтихор доранд.

Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии вилояти беш аз 4344 ҳазор корманди соҳаи тиб фаъолият намуда, сазовори эҳтиром ва сипоси самимии ҷомеа мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар баробари фаъолияти касбиашон, кормандони соҳаи мазкур дар ободониву шукуфоии диёр саҳмгузор буда, баҳри арзанда таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёде анҷом доданд.

Умедворам, ки Шумо табибони ҳозиқу мушфиқ, кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ба савганди ёдкардаатон содиқ мемонед ва дар ҳифзи солимии ҷомеа аз худ масъулияти бештарро нишон хоҳед дод.

Бо ин ниятҳои нек, бори дигар, ҳар яки шуморо , ки дар ин вазифаи ниҳоят мушкил ва пурифтихор фаъолият карда истодаанд, бо иди касбӣ муборакбод намуда, бароятон умри дароз, тани сиҳат ва рӯзгори пур аз фараҳу шодиро таманно дорам!
Ҷашн муборак, Ворисони Сино