Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ ВМКБ ДАР БОҒИ «ИРАМ»-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок доштанд.

Меҳмонон ва кулли иштирокчиёни чорабинӣ дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби аҳли ҳунари вилоят бо сурудҳои ватандӯстона истиқбол гирифта шуданд.

Дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ, дастовардҳои аҳли илму маориф, ҷавонон, саноату сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардида, меҳмонон аз он дидан намуданд.

Дар як гушаи зебои боғи Ирам хонаи зебои бадахшони ҷойгир аст, ки меҳмонон аз он боздид намуда, бо расму русуми хона шинос гардиданд.

Дар қисмати расмии чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад баромад намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар замони 35 -соли соҳибистиқлолии мамлакат баён дошта, таъкид гардид, ки таҳти ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат вилояти Бадахшон дар муддати начандон тулонӣ ба дастовардҳои азиме ноил гардиданд.

Инчунин, раиси вилоят ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва мусоидати ҳамаҷониба барои баргузор намудани рӯзҳои фарҳангии вилоят дар пойтахти ватани азизамон Душанбе аз номи кулли мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори ташаккур намуданд. Зикр гардид, дар баргузории чорабинии имрӯза саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ назаррас мебошад.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр низ суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар карданд.

Дар давоми чорабинӣ Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят ва инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа бо сипосномаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадр карда шуданд.

Ҳунармандони беҳтарини мамлакат бо и беҳтарин таронаҳои худ хотири меҳмононро шод гардонида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшиданд.