Номаи табрикотии Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба муносибати Рўзи дониш ва дарси сулҳ
Номаи табрикотии
Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба муносибати Рўзи дониш ва дарси сулҳ
Муҳтарам устодону омӯзгорон!
Донишҷуён ва хонандагони азиз!
Имсол оғози соли нави таҳсил, Рўзи дониш ва дарси сулҳро дар пешорўи ҷашни бузурги миллӣ, 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шахсан аз номи худам Шуморо бо ин санаи муборак ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, бароятон дар иҷрои масъулияти ниҳоят душвору пуршараф, тарбияи насли наврас комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду маърифат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад.
Дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи Пешвои маорифпарвар ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас хеле зиёд аст.
Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронияшон ҷойгоҳи муҳими донишу сулҳро дар ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид сохта, моро ба он ҳидоят менамоянд, ки вобаста ба аз худ намудани дониш, алалхусус, дар самти технологияи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, забондонӣ ва дигар соҳаҳои техникӣ, сахткӯш бошем.
Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзиши сулҳ, ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеаро ба насли ҷавон пайваста омӯзонем ва дар зеҳни онҳо эҳсоси масъулият дар назди Ватанро тақвият бахшем.
Дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи дастовардҳои соҳаи маорифу илм ва дар маҷмуъ давлату ҷамъияти мо маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати дурандешонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Роҳбарияти олии мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, айни ҳол, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, саъю кӯшиш бар он дорад, ки дар заминаи он дастовардҳое, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти таълиму тарбияи насли созанда ба даст омадаанд, тадбирҳои муассирро бобати боз ҳам равнақ додани фаъолият ва ба даст овардани натиҷаҳои нав дар ҷодаи маориф роҳандозӣ намояд.
Боварӣ дорем, ки маорифчиёни вилоят дар соли нави таҳсил бо меҳнати фидокоронаву содиқона дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару бештар заҳмат кашида, баҳри тарбияи насли наврас ҳиссаи арзишманди худро хоҳанд гузошт.
Бо ин ниятҳои хайр, ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз ва дар симои шумо кулли мардуми маърифатдӯсти ватанамонро ба муносибати Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ табрику муборакбод намуда, барои шогирдони азиз хониши аъло ва рафтори намунавӣ, барои омӯзгорону волидайн ва аҳли ҷамъият комёбиҳо ва рӯзгори ҳамеша ободу осударо таманно менамоям!
Рӯзи дониш муборак, ҳамдиёрони азиз!



