РУЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛ МУБОРАК!
Ҳамасола дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш, Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол 31 август Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат доир гардид.
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо иштироки Раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар толори донишгоҳ тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллатро тариқи пахши мустақим тамошо намуданд.
Баъди тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят бо аҳли толор мулоқот намуда, ҳамагонро бо рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки имсол ин санаи фархундро дар пешорўи ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ истиқбол намудем.
Дар баромади худ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мамлакат дар соҳаи маориф ёдовар гардида, зикр дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят чандин муассисаҳои замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Айни ҳол дар ҳудуди вилоят бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ идома ёфта, рузҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки аҳли маорифи вилоят, дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, ба мушкилоти ҷиддӣ нигоҳ накарда, фаъолияти касбияшонро бо масъулияти баланд иҷро намуданд.
Аз он ҷумла, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи профессор М.Назаршоев, дар он давраи басо вазнин, тавонистанд, билоди ин муассисаи нахустини олии таълимии вилоятро мустаҳкам намуда, шогирдони сазоворро ба камол расонанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби МИҲД вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, минбаъд низ, дар доираи имконият барои фаъолияти хуби олимону омӯзгорон ва хониши аълои донишҷӯёну шогирдони макотиби миёнаву тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.




