Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Ҷашни истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид

Имрӯз, 4 сентябри соли 2026 дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ ба ифтихори 35 – солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, намояндаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Хоҷазода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст, ҳайати расмиро аҳли фарҳанг ва хонандагон бо шеъру суруд дар пеши бинои теари вилоятӣ пешвоз гирифтанд.

Дар толори театр чорабинии расмӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо кулли иштирокдорони чорабинро бо фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, аз дастоварҳои замони 35 соли соҳибистиқлолӣ ҳарф заданд. Таъкид гардид, ки дар ин муддати начандон тулонӣ Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азиме ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори зиёде пайдо намуд.

Зимни ироаи паёми шодбошӣ Раиси вилоят Сафарзода Шарифхон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои тинҷу ороми Тоҷикистони маҳбуб, тамоми сокинони сарбаланди вилоятро бо ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ-35-солагии Истиқлоли Ватан муборакбод намуд.

Зикр гардид, ки Истиқлолият ин озодии комили фаъолият дар марзу буми Ватан, иштироки фаъолона дар бунёди давлату ҳукумат ва ҷамъият, саҳми муносиб гузоштан дар ҳаёти фарҳангию илмӣ, эҷодӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳаётӣ мебошад. Он озодӣ ва истиқлолияти андешаю тафаккурро, ки муҳимтарин хусусияти сириштии инсон аст, фароҳам меорад.

Зери парчами Истиқлолият Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чун дигар минтақаҳои кишвар, дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамарӯзаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, тӯли 35 сол ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин комёбиҳо ба осонӣ ба даст наомаданд. Ҳодисаҳои маълуми марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят низ бе таъсир намонд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили сазовор аз ин ҷашни муқаддас Нақша-чорабиниҳои давлатӣ қабул гардид ва то имрӯз аз 1362 банди онҳо 1548 банд иҷро гардиданд, ки 113 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин замина, 148 иншооти саноатӣ, 152 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла 101-то муассисаи соҳаи маориф ва 51 то муассисаи тандурустӣ мебошанд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони касбу кори гуногун дар вазъияти тантанавӣ бо Медали хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи раиси вилоят қадр гардиданд.

Дар фарҷом барномаи ҷолиби консерӣ пешкаши ҳозирин гардонда шуд.