ВМКБ. Роҳпаймоии идона баргузор гардид
Имрӯз ба ифтихори таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад роҳпаймоии оммавӣ доир гардид.
Дар роҳпаймоӣ зиёда аз 15 ҳазор нафар сокинони вилоят, аз ҷумла қишри калонсол, ҷавонону занон, варзишгарон, омӯзгорон, устодону донишҷуёни муассисаҳои олӣ, кормандони идораву муассисаҳои вилоятию шаҳрӣ ва сохторҳои қудратӣ бо шиору овезаҳои ватандӯстона, аксҳои Пешвои миллат ва Парчам иштирок намуданд.
Бо баргузории чунин роҳпаймои мо сокинони вилоят мехоҳем, шукргузории хешро аз фазои орому осудаи Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ, бори дигар баён сохта, зимнан, сипоси бепоён ва самимии кулли мардуми заҳматписанду қадршиноси ВМКБ-ро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандона дар масири бунёдкорию созандагӣ, дастгирию мусоидатҳои ҳамаҷонибаи вилоят ва ғамхориҳои холисонаю беғаразонаи сокинон дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ изҳор намоем.
Хурду бузурги вилоят имрӯз аз он шукргузоранд, ки дар фазои орому осуда ва кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ доранд.




