Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 сентябр ба муносибати таҷлили 35- юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Чорабини бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, раиси вилоят бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ ва иштирокдорони парадӣ ҳарбӣ онҳоро бо Ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод гуфта, дар баромади худ доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои осудаи Тоҷикистони биҳиштосо суханронӣ намуданд
Зикр гардид, новобаста аз мушкилоти вазнини марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, миллати бостонии сарбаланди тоҷик тавонист, таҳти роҳбарию роҳнамоии фарзонафарзанди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мушкилотро бартараф созад.
Истиқлолияту ваҳдати миллии худро ҳифзу таҳким, сулҳу суботро таъмин намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари рӯ ба тараққӣ мубаддал созад.
Дар радифи инкишофи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Давлату Ҳукумат ба ташаккулу таҳкими низоми мудофиавию ҳуқуқӣ ва амниятии Тоҷикистон, аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои қудратию ҳуқуқӣ ва амниятӣ таъсис ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои муассири андешидашуда, ин ниҳодҳои давлатӣ бо мустаҳкам намудани пояҳои кадрию молиявӣ ва моддию таҷҳизотӣ ба рукни муқтадири мудофиавии мамлакат табдил ёфтанд.
Дар баромади худ раиси вилоят изҳор дошт, ки имрӯз дар қатори ҳайати шахсии ниҳодҳои мудофиавию ҳуқуқӣ ва амниятӣ, ҳамчунин масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар воҳидҳои сохторӣ, муассисаю созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ, умуман, тамоми мардуми ватандӯсти вилоят дар паради ҳарбӣ иштирок менамоянд! Ин гувоҳи возеҳи он аст, ки сокинони сарбаланди Бадахшонзамин, дар радифи сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз, омодагии хешро баҳри дифою ҳимояи бойгариҳои бостонии миллӣ, манфиату арзишҳои волою дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ омода ҳастанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, дар доираи имкониятҳои мавҷуда, пайваста бобати муҳайё сохтани шароити беҳтари хизмати ҳарбию низомӣ чораҳои самарабор меандешанд.
Ҷиҳати бунёду сохтмони иншоотҳои низомӣ, махсусан, объектҳои сарҳадӣ ва таҳкими пойгоҳҳои модии онҳо мусоидати ҳамаҷониба анҷом дода мешавад.
Дар идома, гузашти низомӣ бо иштироки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ баргузор карда шуд.




