Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ба муносибати 35- солагии Истиқлоли давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш, ки миллати бузурги тоҷик 35- умин солгариди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бузургтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамоянд, кулли мардуми сарзамини тамаддунофарро бо ин санаи мубораку фархунда самимона шодбош намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо пирўзиву саодат, иқболу истиқлоли шаҳдрез таманно дорам.

Воқеан, соҳибистиқлоливу озодӣ марҳилаи навини давлатдории миллӣ, давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, омили иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат, дар маҷмуъ заминаи бунёди давлати нерӯманду устувор ва зиндагии шоиста маҳсуб ёфта, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан афзун намуд.
Маҳз баракати Истиқлол ва Ваҳдати комили миллӣ ҳаст, ки дар давоми 35- сол Ватани маҳбуби мо Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони мавқеъ ва эътибори хоса пайдо намуда, дар сарзаминамон сулҳу субот ҳукмфармо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори асили давлатдории навини тоҷикон мебошад, истиқлолиятро барои халқ ҳадяи бебаҳои таърих номида, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани онро масъулияти ҷонию таърихии наслҳои имрӯза арзёбӣ менамоянд. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Сиву панҷ сол барои таърих, замони зиёд нест, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи кӯтоҳ, таҳти роҳбарии Пешвои сулҳофари тоҷик ба дастовардҳои бузурге ноил гардида, корҳои азими созандагӣ, бунёдкориҳо ва ҳадафҳои олии давлатӣ вусъат ёфта, нуфузи сиёсии кишварамон афзуда, пайваста боло рафт. Эътибори имрӯзаи оламшумули Тоҷикистон, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ, аъзои даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои Милали Муттаҳид, Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо будан, бо ташкилотҳои зиёди байналхалкӣ алоқаҳои зичи ҳамкорӣ доштан ва барқарор кардани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои олам маҳз аз соҳибистиқлолии воқеии Ватани маҳбубамон далолат медиҳад.

Бо қаноатмандӣ иброз медорем, ки меваи шаҳдбори Истиқлоли давлатиро сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати дигар минтақаҳо зиёдтар чашиданд, зеро дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ симои шаҳру ноҳияҳои ба кулли тағйир ёфта, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Баъд аз эълон гардидани марҳилаи нави Рушди ВМКБ аз ҷониби Пешвои ғамхори миллат дар чор соли охир дар қаламрави вилоят чандин корхонаҳои бузурги саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасони сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Имрӯз ба куҷое назар андозем, самараи шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллиро баръало мушоҳида менамоем.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Роҳбари ғамхору мардумпарвари давлат беш аз 60 маротиба ба вилоят сафари корӣ анҷом дода, дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят барномаҳои комил ва аз нигоҳи таърихӣ тақдирсоз қабул ва амалӣ гардиданд.
Дар ин солҳо ба хотири ободии тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола хароҷоти маблағҳои буҷетиро зиёд намуда, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ мунтазам чорабиниҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Ҳамаи дастовардҳои дирўзу имрўзи ВМКБ аз шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ба даст омада, саҳми Шумо сокинони сарбаланди вилоят низ беназир аст. Аз дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд.

Дар ин айёми фараҳафзо бори дигар кулли хурду бузурги тоҷикро самимона шодбош гуфта ба ҳамагон рӯзгори босаодат, оромиву осудагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии абадӣ таманно менамоям.

Итминони комил дорам, ки дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо дили гарму дасти нарм ва кору пайкори нек боз ҳам заҳмат кашида, саҳми арзандаи худро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нуфузи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ гузошта, баҳри ободониву созандагии Тоҷикистони биҳиштосо пайваста кӯшиш менамоем.

Ҷашни Истиклол муборак, ҳамдиёрони гиромӣ