ДАР ВМКБ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ ИҶРО ГАРДИД
Ин навбат низ даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ чун анъана дар рӯзи аввал 101 фоиз иҷро гардид.
Ба ин муносибат дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд.
Маросими гусели наваскарон ба хизмати Модар – Ватан бо баргузории роҳпаймоии оммавӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ то Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ оғоз ёфт.
Дар қисмати расмӣ раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон Нураҳмад сокинони вилоятро бо иҷрои нақшаи даъват табрик кард.
Зикр гардид, ки маротибаи ҳаштум ВМКБ анъанаи неки иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали даъват идома дода истодааст, ки боиси ифтихор ва сарбаландии кули сокинони вилоят мебошад.
Таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва умуман неруҳои қудратию низомӣ ва амниятии кишвар, ки зодаи замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошанд, бо дастуру ҳидоят ва заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ташаккул ёфта, масири басо мураккаби таърихиро тай намуданд.
Дар идома баъди иҷрои маросими нонгазон аз ҷониби аҳли ҳунари вилоят барномаи рангини консертӣ манзур гардида, наваскарон зери навои сурудҳои ватандӯстона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд.




