Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025

Дар ҷаласаи ҷамъбасти, ки бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насруллоҳ Раҳматҷон баргузор гардид, дар он муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаҳои маориф, сардорони идораи хоҷагии роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ва   соити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 бо ахбороти муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо Одинамуҳваммад оид ба бурду бохти фаъолияти яксолаи МИҲД-и вилоят оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки давоми давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар ин самт фаъолият бомаром идома дорад.

Рушди иқтисодии вилоят марҳила ба марҳила афзоиш ёфта, дар ин давра маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят   2 млрд 501,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ҳиссаи он  ба як фард дар вилоят 10659,9 сомонӣ рост меояд. Дар нишондиҳандаи кутоҳмулати рушди минтақаҳо ҳиссаи кишоварзӣ 19,6 фоиз, саноату сохтмон, 35,1 фоиз, савдо, нақлиёт, алоқа ва пешниҳоди дигар хизматҳо  13,4 фоиз , маориф, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ 31,9 фоизро ташкил медиҳад.