Гузариш ба мундариҷа
СуратВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тағироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Нашр шуд:
Тағироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ1 / 6

Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаи тағироти кадрӣ дар вилоят баррасӣ гардид.

Абдулназарзода Абдулназар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Фурқати Ҳукумат дар асоси розигии хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гарид.

Мирзонабот Алишер Худобердӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон кадри тозатаъйинро барои интихоб гардиданашон ба ин вазифаи пурмаҳсул табрик намуда, барои хизмати содиқона ба халқу Ватан дастуру супоришҳои судманд доданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушовири адлияи дараҷаи 1, Зоирзода Икром доир ба татбиқи амалии нишондодҳои нави қонунгузории кишвар оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он баромад намуданд.

Тағироти кадрӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон