Гузариш ба мундариҷа
СуратВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ВМКБ. Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

Нашр шуд:
ВМКБ. Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон1 / 11

Имрӯз, 9 марти соли 2026 дар театри вилоятӣ ба номи М.Назаров бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур мутахассисон ва коршиносони гуруҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, раисони мақомоти суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, прокурори вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони раёсатҳои минтақавии идораҳои ҷумҳуриявӣ, гумрук, сардорони шуъбаҳои ВКД, аъзо ва роҳбарони ҳудудии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, расони шаҳру ноҳияҳо, зиёиён, ходимони дин, маорифу тандурустӣ, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, фаъолон ва намояндагони воситаи ахбори омма ширкат варзиданд.

ВМКБ. Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон