Гузариш ба мундариҷа
СуратВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мурғоб. Мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин гирӣ

Нашр шуд:
Мурғоб. Мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин гирӣ1 / 11

Дар доираи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар баробари чорабиниҳои фарҳангӣ инчунин мусобиқаҳои варзишӣ низ аз намуди гӯштингирӣ ва волейбол бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар ноҳияи Мурғоб миёни паҳлавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния ва дӯстдорони варзиш дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар рафти мусобиқа паҳлавонони ҷавон аз рӯи вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорати баланди варзишӣ, ҷасорат ва омодагии ҷисмонии худро нишон доданд.
Дар баробари ҷавонмардон духтарон низ бо ҳам сабқат намуда, маҳорати варзишии хешро нишон доданд.

Мусобиқа дар сатҳи баланд ташкил гардида, доварон натиҷаҳои ҳар як қувваозмоиро ба таври одилона баҳогузорӣ намуда ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Мурғоб. Мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин гирӣ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон