Институти биологии Помир

ИНСТИТУТИ БИОЛОГИИ ПОМИР БА НОМИ Х.Ю. ЮСУФБЕКОВ

736002, ш. Хоруғ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Холдоров, 1,

 т. (9923522) 2-80-20 

Институти биологии Помир соли 1969 дар заминаи Боғи ботаникии Помир, Пойгоҳи биологии Помир ва заминагоҳи Ишкошим оид ба замин-корӣ таъсис дода шудааст. Нахустии директори институт академик Х.Ю. Юсуфбеков буд, ки институтро аз соли 1969 то соли 1981 сарварӣ намуд. Аз соли 1981 то соли 1988 институтро узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ О.А. Ақназаров, аз соли 1988 то соли 1996 узви вобастаи АИ ҶТ У.Х. Холдоров роҳбарӣ намуданд. Аз соли 1996 то айни замон сарварии институтро академик О.А.Ақназаров ба зимма дорад. 

Ҳосил кардани лӯндачаҳои бевируси картошка аз тухмиҳои ботаникӣ 

Институт дар ш. Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳис-тони Бадахшон (ВМКБ) ҷойгир шудааст. Дар институт 46 корманди илмӣ, аз ҷумла 3 доктори илм (аз онҳо 1 нафар академики АИ ҶТ) ва 11 нафар номзади илм мебошанд.

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт инҳо мебошанд: коркарди асосҳои илмӣ ва усулҳои ҳифз ва истифодаи оқилона ва мониторинги ҳолати гуногуншаклии биологии олами набототи Помир, таҳқиқи пӯшаҳои набототӣ ва маҳсулнокии масивҳои чаробонӣ, масъалаҳои генетика, селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва тартиб додани захираи маълумот оид ба генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи онҳо, коркарди асосҳои илмии интродуксия ва ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳо дар шароити баландкӯҳӣ, масъалаҳои физиология ва биохимияи экологии растаниҳо, таҳқиқи ҷанбаҳои физио-логию биохимиявии мутобиқгардонии растаниҳо ба омилҳои ғайриоддии баландкӯҳии Помир, таҳқиқи тағйи-роти ҷаҳонии иқлим ба экосистемаҳои баландкӯҳӣ.

Ба сохтори институт воҳидҳои илмии зерин дохил мешаванд:

  • шӯъбаи гуногуншаклии биоло-гии наботот ва ҳайвонот;
  • озмоишгоҳи экологии таҷриба-вии растаниҳо;
  • озмоишгоҳи мевапарварии баландкӯҳӣ;
  • Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский;
  • осорхонаи «Табиат». 

Парвариши растаниҳои сабзавотӣ дар гармхонаҳои геотермалӣ 

Институт заминагоҳҳо, қитъаҳо ва пойгоҳҳои зерин дорад:

  • қитъаи таҷрибавӣ дар назди институт (ш. Хоруғ, 2320 м аз сатҳи баҳр);
  • заминагоҳи Чечектӣ дар Помири Шарқӣ (3860 м аз сатҳи баҳр);
  • заминагоҳи Ванҷ (1600 м аз сатҳи баҳр);
  • заминагоҳи Роғак (1150 м аз сатҳи баҳр);
  • пойгоҳи агроэкологии Ҷелондӣ (3800 м аз сатҳи баҳр). 

Коллексияи палмаҳои канадагӣ дар заминагоҳ 

Дар назди институт китобхонаи адабиёти биологӣ бо захираи китобии қариб 20 ҳазор нусха мавҷуд аст. Дар гербарияи институт қариб 15 ҳазор баргҳои растаниҳои олии гулдор ҳифз карда мешавад.

Олимони институт ба дастовардҳои зерини илмӣ  ноил гардиданд:

Иттилооти нав оид ба механизми таъсироти мутақобили омилҳои эколо-гии баландкӯҳӣ ва фитогармонҳо дар равандҳои афзояндагӣ ва ҳосилдиҳӣ ва дар морфогенези растаниҳо ба даст оварда шуд; хусусияти ҷамъшавии стимуляторҳои эндогенӣ ва ингибатор-ҳои афзоиш вобаста ба баландии маҳали сабзиши онҳо ва дараҷаи ғайриоддӣ будани омилҳои экологӣ муайян карда шуд.

Ба таври таҷрибавӣ муқаррар карда шуд, ки радиатсияи ултрабунафшӣ омили тавоноии морфогенетикӣ мебошад, ки хусусияти хоси намуд (суроб)-и растаниҳоро одатан бо қади кӯтоҳи тана ва навдаҳои кӯтоҳ ташаккул медиҳад. Растаниҳои баландкӯҳӣ – ҳам шаклҳои ёбоӣ ва ҳам объектҳои заминкории баландкӯҳӣ нисбат ба таъсири нурҳои ултра-бунафшӣ хеле устувор буда, фосилаи васеи аломатҳои мутобиқшавӣ доранд, аз ҷумла кутикулаи ғафси барг, хамидагӣ, миқдори зиёди антоситҳо ва флавоноидҳо, бисёрҳуҷайрагӣ. Исбот карда шудааст, ки ҳангоми қатъ намудани таъсири нурҳои ултра-бунафшӣ дар барги растании помидор ғафсшавии бофтаҳои ассимилятсионӣ, кутикулҳои эндодерма ва миқдори масомаҳо дар ҳарду тарафи барг ба амал меояд.

Нишон дода шудааст, ки Бадахшони Кӯҳистон аз рӯи гуногуншаклии навъҳои мулоими гандум дар Осиёи Марказӣ мавкеи пешсафиро ишғол менамояд. Масалан, аз 273 навъи дар Осиёи Марказӣ маълуми гандуми мулоим 151 навъи онҳо дар Помири Ғарбӣ дучор меояд. 69 намудҳои гуногуни гандумҳои мулоими маҳаллӣ ва 11 шакли паканаи ин гандум ҷамъоварӣ карда шудааст. дар байни онхо 5 намуди гандуми мулоими белигул барои илм намудҳои нав мебошанд, ки дар қишлоқҳои Яншарв ва Рухчи водии Бартанг ошкор гардидаанд.

Интродусентҳои нави садбарг дар Боғи ботаникӣ 

Навъҳои ояндадори ҷав ошкор карда шудаанд, ки дар таркиби донашон миқдори зиёди сафеда ва лизин доранд. Аз навъи маҳаллии Бобило шакли гандуми кулӯладонаи безлигулӣ ба даст оварда шуд, ки барои илм навъи нав мебошад. Бо усули таҳлили диаллелӣ арзиши селексионию генетикӣ ва хусусиятҳои назорати генетики аломатҳои муҳими ҷав дар шароити Помири Ғарбӣ омӯхта шуд.

Аз тарафи селексионерҳои институт навъи нави тритикале бо номи «Бадахшон» ҳосил карда шуд, ки он бо серҳосилӣ (47-50 с/га) фарқ карда, дар шароити иқлимии Бадахшон мутобиқ гардонида шудааст. Ин навъ аз навъсанҷии давлатӣ дар Ҷумҳурии Точикистон бомуваффақият гузашта истодааст. Масъалаи ноҳиябандӣ кардани он мавриди баррасӣ қарор дорад. 

Гармхона барои қаламчашинонии зироатҳои гулдор 

Кормандони озмоишгоҳи истеҳсо-лоти кӯҳӣ коллексияи навъ ва шаклҳои маҳаллӣ ва интродуксионии зироатҳои мевагии донакдор ва тухмакдор ва ҳамгунаҳои ёбоии онҳоро ба вучуд оварданд, ки бештар аз 150 намуд ва шаклро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи корҳои зиёд барои шароити баланд-кӯҳӣ намуд ва шаклҳои ояндадори зардолу бо ҳосилнокии имконпазиро то 120-130 с/га ба даст оварда шуданд. Таркиби химиявии навъҳои хушк-мевагӣ, табобатӣ ва хӯрокии онҳо муайян карда шуд. Полиморфизми ғании чормағзи юнонӣ ошкор карда шуд, шаклҳои тунукрешаи серравған ва тезпази он ҷудо карда шудааст. Муқаррар карда  шудааст, ки дар Помир танҳо ду навъи тут – сафед ва сиёҳ месабзад. Навъ ва шаклҳои хушкмевагӣ ва хӯрокии тут бо ҳосилнокии баланд ва қанднокӣ ҷудо карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки дар Помири Ғарбӣ ва Дарвоз ҷинсҳои мевагии генофонди шакл ва намудҳои зироатии зироатҳои мевагӣ бо гуногуншаклӣ фарқ мекунад ва ин генофонд ҳамчун маводи аввалия зимни парвариш кардани навъҳои нави зироатҳои мевагӣ барои эҳтиёҷоти боғдорӣ дар ноҳияҳои кӯҳистон ва наздикӯҳии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ хизмат карда метавонад. Дар байни навъ, намуд ва шаклҳои таҳ-қиқшуда даҳҳо шаклҳое вомехӯранд, ки ба селексияи иловагӣ эҳтиёҷ надоранд ва онҳо барои татбиқ дар истеҳсолот тавсия карда шудаанд.

Технологияи парвариши маводи шинондании ҷинсҳои мевагӣ барои ташкил кардани боғҳои навъи саноатӣ дар нишебиҳои кӯҳии сангӣ коркард шудааст. Тарз ва шаклҳои афзунгар-донии вегетативӣ ва тухмии ҷинсҳои мевагӣ ва ҳамгунаҳои ёбоии онҳо дар шароити ВМКБ муқаррар карда шудаанд.

Дар Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский озмоиши ҳазорҳо намуд, навъ ва шаклҳои растаниҳои сохтмонӣ, гулдори ороишӣ ва алафии табиати маҳаллӣ ва бегонадошта гузаронида шуд. Методологияи интродуксияи растаниҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ дар шароити Помири Ғарбӣ коркард шуд. Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Шӯъбаҳои флоравии Аврупо, Қрим ва Кавказ, Америкаи Шимолӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ таъсис дода шуданд.

Дар солҳои охир коллексияи растаниҳои сӯзанбарг то 80 намуд, растаниҳои баргӣ  – то 180 намуд пурра карда шуд. Коллексияи боғ дар 40 соли охир се маротиба афзун гардид.

Дар Боғи ботаникӣ қитъаи намоишии намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳо таъсис дода шудааст, ки дар он 80 намуди растаниҳо парвариш карда мешаванд. Дар коллексияи растаниҳои табобатӣ 70 намуди растаниҳои яксола ва бисёрсола ҷамъоварӣ шуда, дар парваришгоҳҳои боғ барои иҷрои корҳои кабудизоркунӣ ҳамасола 7 ҳазор растаниҳои гулдори ороишӣ омода карда мешаванд. Дар гармхонаҳо ва буғхонаҳои Боғи ботаникӣ ҳар сол миқдори зиёди  ниҳолакҳои растаниҳои гулдор тайёр карда мешаванд.

Растаниҳои сӯзанбарг дар Боғи ботаникӣ 

Тухмиҳое, ки аз боғ ва аз ҳудуди Помир ҷамъоварӣ карда мешаванд, ба таври мунтазам номнавис карда мешаванд. Ивазкунии тухмиҳо ва растаниҳо бо 120 нишона (адресат)-ҳо аз 40 боғҳои ботаникии давлатҳои хориҷи наздик ва дур амалӣ карда мешавад. Намудҳои гуногуни растани-ҳои чӯбию буттагӣ, гулдору ороишӣ ва чаманӣ барои кабудизор гардонидани ҳудуди ВМКБ тавсия шудаанд, ки бештар аз 180 намуди ояндадорро дар бар мегирад.

Дар осорхонаи «Табиат»-и институ-ти таърихи таҳқиқи захираҳои табиии Помир аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо ба таври васеъ тасвир карда шудааст. Саҳми олимон дар таҳқиқи гуногун-шаклии биологии флора ва фаунаи баландкӯҳӣ нишон дода шудааст. Дар ин ҷо гербарияи флораи маҳаллӣ, коллексияи этномофауни, хӯсаи ҳайво-нот тасвир шуда, харитаҳои гуногун – схемаҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳое, ки захираҳои биологии Помирро тасвир мекунанд, овезон карда шудаанд. Эҷодиёти зиёди рассомон манзараи такрорнашавандаи ин кишвари баландкӯҳро хеле хуб инъикос наму-даанд. Дар ин ҷо ҳамчунин ашёҳои маишии кӯҳистониҳо – зарфҳо, масну-оти сафолӣ зару зевар низ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсусро нигораҳои сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои маҳаллии Помир ба худ мекашад.

Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқ-отии кормандони институт дар 6 монография, 5 тавсияҳои илмию амалӣ ва бештараз 60 маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва давлатҳои хориҷи наздику дур нашр гардидаанд.

Самтҳои асосии илмии институт дар дурнамои наздик инҳо мебошанд:

  • омӯзиши физиологӣ-биохимия-вии устувории растаниҳо ба омилҳои ғайриоддии баландкӯҳӣ, механизмҳои мутобиқгардонии растаниҳо ба стрессҳо;
  • таҳқиқи ҳавза (ареал)-ҳо ва захи-раҳои растаниҳои табобатии Помир, тайёр кардани маводи шинонданӣ барои ташкил намудани майдонҳои сунъӣ, коркарди технологияҳои парва-риши растаниҳои табобатӣ;
  • муайян намудани намуд ва навъҳои зироатҳои мевагии кишо-варзӣ, ки барои парвариш дар ВМКБ ояндадор мебошанд;
  • муайян намудан ва дар истеҳ-солот татбиқ кардани навъҳои нави зироатҳои яксола ва бисёрсолаи хӯроки чорвоӣ бо миқдори зиёди моддаҳои ғизоӣ ва коркарди техно-логияи парвариши онҳо;
  • ҷамъоварӣ ва омӯзиши гена-фонди растаниҳои зироатии ВМКБ ва ҳамгунаҳои онҳо, тухмипарварӣ ва парвариш кардани навъу намудҳои нави зироатҳои кишоварзӣ дар Помир;
  • интродуксия ва ба иқлим муто-биқгардонии растаниҳои чӯбии бутагӣ, гулдори ороишӣ ва чаманӣ дар шароити баландкӯҳӣ;
  • таҳқиқи энтомофауна ва ширхо-раҳои Помир, коркарди усулҳои биологии ҳифзи ҳосил аз зарар-расонандаҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ;

ҳифзи олами наботот ва ҳай-воноти баландкӯҳӣ ва коркарди чорабиниҳо оид ба барқарорсозии биогесенозҳои аз тарафи инсон вайронкардашуда.