Идомаи сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим

Зимни сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим ҷиҳати ба истифода додани иншоотҳои ҷашни дар маркази ноҳияи Ишкошим ҳаммоми замонавӣ ҳамчун иншооти ҷашнӣ, ки аз тарафи соҳибкор Ҷалолов Адаб бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ сохта шудааст мавриди истифода қарор дода шуд.


Оғози сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим.

Субҳи 11 уми сентябри соли равон сафари кории раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович ба ноҳияи Ишкошим ҷиҳати ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ оғоз гардид. Дар маркази ноҳияи Ишкошим хонаҳои истиқоматии соҳавӣ барои хизматичиёни давлатӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби раиси вилоят мавриди истифода қарор дода шуд. Қобили қайд аст, ки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович калиди хонаҳоро ба 24 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи тандурустӣ супорид.Хизматиёни давлатӣ,кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ барои чунин дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Табрикномаимуовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

9 – уми сентябри соли 1991 дар сарнавишти миллати тоҷик рухдоди муҳимтарини таърихие ба вуқӯ пайваст ва дар таърихномаи халқамон бо ҳуруфи заррин сабт ёфт ва он Истиқлолият мебошад, имсол тамоми тоҷикистониён 29 – умин солгарди ин зуҳури гаронмоя – яъне, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва хушнудии бузург таҷлил менамоянд. Истиқлолият, бешак, пурарзиштарин ва бебаҳотарин дастоварди миллати тоҷик дар қарни 20 – ум маҳсуб гардида, ин неъмати афзалтарин ба миллати тоҷик ободию озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, садоқату муҳаббат, ифтихору хушномӣ ато намуд. Истиқлолият шиносномаи мавҷудияти миллат дониста шуда, маънии комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва ҳастиву бузургии ҳар як миллатро ифода месозад. Меваи Истиқлолият, бахусус, барои миллати тоҷик шаҳдбору ширин аст, ки тайи асрҳо дар орзуи давлати миллии худ буд ва тавонист баъди ҳазор сол давлатдории худро дубора барқарор намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки Истиқлолият ба миллати тоҷик барои ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ ва боло гирифтани ҳисси худшиносии миллӣ мусоидат кард: «Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт». Имрӯз Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва миллати тоҷикро чун миллати соҳибтамаддуну куҳанбунёд, сулҳхоҳу ватанпарвар эҳтиром мегузоранд. Миллати созандаву ободигарои тоҷик тайи солҳои Истиқлолият ба бисёр дастовардҳои беназир ноил гашт ва дар роҳи рушду тараққии кишвар қадамҳои устувор гузошт. Имрӯз халқи сарбаланди мо бо чунин иншооти бузурги аср, амсоли НБО – Роғун, нақби «Истиқлол», роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, роҳи оҳани Хатлону Кулоб ифтихор мекунад. Метавон гуфт, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар даврони Истиқлолият Конститутсияи кишвар мебошад, ки соли 1994 қабул шуда буд ва барои ташаккули давлати демокративу дунявти такони ҷиддӣ бахшид. Истиқлол барои иттиҳоди тоҷикони тамоми ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард ва Тоҷикистони соҳибихтиёр дари худро ба руйи тамоми тоҷикони дунё боз кард. Барои Бадахшон раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ беназиртарин дастоварди Истиқлолият ба ҳисоб меравад, зеро собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо тамоми қудраташ натавонист ин мушкиларо ҳал намояд. Дар ин давраи начандон тулонӣ симои Бадахшон куллан тағйир ёфт. Ҳафтае пеш зимни сафари кории худ ба вилоят Сарвари муаззами кишвар, Ҷаноби Олт Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки тӯли солҳои соҳибистилолӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ беш аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз се миллиард сомонӣ анҷом ёфта, амалӣ намудани 11 лоиҳаи дигар бо маблағи афзун аз се миллиарду 300 миллион сомонӣ давом меёбад. Танҳо ҳаминро хотиррасон намудан кофист, ки бинои истиқоматии нуҳошёна, Маркази савдои «Нигини Хоруғ», Кохи ҷавонон, театри вилоятӣ, маҷмааи варзишӣ симои маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғро батамом дигар кардаанд ва он тадрҷан ба як шаҳри ҳозиразамон табдил ёфта истодааст. Аз файзу баракати истиқлол ноҳияҳои вилоят низ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум дар қиёс бо солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст. Миллати тамаддунофари тоҷик имрӯз ифтихор дорад, ки 29 – сол пеш ба истиқлолияту соҳибихтиёрии воқеии худ таҳкурсӣ ниҳод ва давлатдории миллии худро замина гузошт. Замони соҳибистилолӣ рукнҳои асосии давлатдорӣ хеле таҳким ёфтанд ва кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳу мавқеи шоиста касб кардааст.Ҳоло давлати мо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии хеш чораҳои судманд андешида истодааст ва мо боварӣ дорем, ки дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон ба яке аз беҳтарин давлатҳои аз лиҳози саноатӣ рушдкарда мубаддал хоҳад гашт. Мо ба чунин рузҳои пурсаодат ба шарофату баракати Истиқлолият расидаем ва дар ин росто ҳифзи дастовардҳои он вазифаи ифтихорию пуршарафи ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошад. Ба Истиқлолияти давлатию миллии мо 29 – сол пур шуд ва ин барои ҳар яки мо рузи фархундаю айни замон муқаддас мебошад, зеро ҳастиву мавҷудияти ҳар як миллат бе истиқлолияту соҳибихтиёрӣ маънӣ надорад. Ҳамаи ҳамдиёрони арҷмандро бо фарорасии Истиқлолияти давлатию миллиамон сидқан муборакбоду шодбошӣ мегуям, ба ҳар як хонадон осудагиву тинҷӣ рузгори пурфайзу баракат, зиндагии пурнишот таманно менамоям:Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.Гар истиқлолаш истиқбол дорад, Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!

ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ

Бинои ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо сифати баланди сохтмонӣ сохта шуд, маблағгузорӣ бино Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар арафаи 29 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода дода хоҳад шуд. Раиси вилоят ба сифати сохтмони бинои мазкур баҳои баланд дода қайд намуданд, ки бинои мазкур солҳои зиëд барои бошандагони ин ҷамоати дурдасти куҳистон хизмат хоҳад кард.

ВОХУРИ РАИСИ ВМКБ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ЯЗГУЛОМ

Баъди кушодашавии хатти оби нӯшоки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов бо сокинони рустонишини води вохури доир намуданд. Бошандагони дехаи Андарбакро ба муносибати таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифттитохи хатти оби ошомидани самимона табрик гуфтанд.Зикр шуд, ки ҷамоати деҳоти Язгулом зери тавваҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди ин гушаи зебои кишвар аз тамоми имконият кор мегиранд.

НОҲИЯИ ВАНҶ

Субҳи имруз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ванҷ аз деҳаи Андарбаки ҷамоати деҳоти Язгулом дидан намуданд. Зимни сафари кории раиси вилоят хатти оби нӯшокиро мавриди истифодабари қарор доданд. Дарозии хатти оби нӯшоки 21 километрро ташкил дода, бо маблағгузории Раёсати Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ тавассути Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Куҳистони Фонди Оғохон ва саҳми сокинони деҳа бунëд шуда, дар остонаи чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардори қарор гирифт. Надоштани оби нушоки яке аз мушкилоти деҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, дар остонаи ҷашни 29- умин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳали худро пайдо намуд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншооти навбунёди соҳаи маориф Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат аст ва барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он аз 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ , тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Илова бар ин дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки дорои 10 адад компиютер буда, дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан омӯзгорон дар мактаби як ошёнаи кӯҳна ба хонандагон дарс мегуфтанд, ки шароити ногувор дошт. Акнун, дар маркази ноҳияи Рӯшон мактаби наву замонавӣ бунёд гардид, ки орзуи деринаи сокинон амалӣ гардид ва минбаъд хонандагон дар муассисаи барҳавову замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи ҳозиразамон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Шумораи умумии омӯзгорон дар ин муассисаи таълимӣ 48 нафар мебошад ва 8 нафари онҳо мутахассисони ҷавонанд. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст ва барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ошхона ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегардад.

Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Толори мазкур асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2018 ва 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаи пешинаи таълимӣ, ки 36 нафарро дар бар мегирифт, 28 нафарашон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, 5 нафар тибқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ду нафар ба омӯзишгоҳҳои касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи ҳамкории зичи волидон бо аҳли омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва илмомӯзии худи хонандагон арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз аст.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.

Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои навбунёд камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 ҳидоятҳои судманд доданд.

Саҳни ин бинои таълимиро Парчами давлатӣ бо сутунпояи 11 метра оро медиҳад. Барои зебою назаррабо гардидани атрофи муассисаи таълимӣ майсазор гардида, гулҳои мавсимии рангоранг ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон ва боздид аз замини наздиҳавлигии сокини ноҳияи Рӯшон Давлатмаҳмадов Ҳамдам

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.

Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гармхона ташкил намудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхонаи ташкилкардааш аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор мерӯёнад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои ин сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда боз васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бино ба таъкиди роҳбари ин оила дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонаводагӣ пурра таъмин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.

Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.

Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона ҳамчунин ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам, пиёз, сабзӣ, лубиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт гардидааст, ки қисми бештари ҳосили онҳо пухта расидааст.

Маҳз, меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар ин замина дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб бароҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.

Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинон ва ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Оилаи Давлатмаҳмадов дар баробари истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчунин ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерва аз ҷумла, афшӯра, шарбат, мураббои мевагӣ, лубиё, меваи хушк барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.

Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол то сол беҳтар шавад. Гуфтан ба маврид аст, ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон ба манфиати иқтисодии худи сокинон буда, имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гуруҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рузгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, муроҷиат карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчуби робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд кардаанд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардид, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи Чорчаман меҳмонхонаи наву замонавии “Чорчаман Хилс”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Меҳмонхонаи сеошёна аз 25 ҳуҷра иборат буда, баъди бунёди он дар ин ҷо то 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосии сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат “Дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Меҳмонхонаи “Чорчаман Хилс” дорои хизматрасониҳои васеъ, аз ҷумла саёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло дар ҷараёни боздиди кори аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо рафти корҳои созандагиву бунёдкории ноҳияи Роштқалъа ошно гардид.
Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ ҳамрохи намуда, боздиди корӣ нахуст аз сохтмони бинои Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ ноҳияи Роштқалъа, ки бо маблағи 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта мешавад оғоз гардид. Инчунин дар ноҳия сохтмони бинои Раёсати молия ва андоз бо маром идома дошта, нақша аст, ки биноҳои мазкур то таҷлили ҷашни умумимиллӣ 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Баҳри коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни занон ва ҷавондухтарони ноҳияи Роштқалъа Корхонаи дӯзандаги бо тарҳи замонавӣ, ки бо маблағи 7 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода мешавад. Корхонаи дӯзандагӣ барои таъмини 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб пешбини шудааст.
Бояд қайд намоем, ки ноҳияи Роштқалъа дар соҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои зоҳирии худро куллан тағйир додааст.