Имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як гурӯҳ сармоягузорнои хориҷи аз давлатҳои Швейтсария ва Олмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як гурӯҳ сармоягузорнои хориҷи аз давлатҳои Швейтсария ва Олмонро ба ҳузур пазируфтанд. 
Инвесторон дар солҳои 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон ворид гардиданд ва бо шароити зиндагии дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Рӯшон деҳаи Басид шиносоӣ пайдо намуданд. Баъди шиносоӣ бо мардум сайёҳон ба худ мақсад гузоштанд, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагии мардум саҳми худро мегузоранд. 
Имсол аз ҷониби ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Инчунин аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешавад ва ба мардум ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад. Дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд.
Раиси вилоят миннатдории самимиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои саҳм гузоштан дар ободонии вилоят баён намуда ,қайд карданд, ки маҳз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди сиёсати дарҳои кушод ва эълон намудани солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ки имрӯз теъдоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар вилоят зиёд шуда истодааст. Бо ин роҳ мо метавонем сатҳи зиндагии мардуми куҳистонро баланд бардорем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *