МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони соҳаи тандурустии давлати Лаҳистонро дар фазои кушод ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масъалаи табобати беморони гирифторони касалии сироятии короновирус ё худ covid 19 дар вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси вилоят қайд намуданд, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳури ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳони Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди бемории сироятии короновирус мубориза бурда истодааст. Хушбахтона рӯзҳои охир ин касали дар вилоят кам шуда истодааст. Дар ин самт пешниҳоду тавсияҳои табибони Лаҳистон барои кормандони соҳаи тандурустии вилоят қимати беандоза дорад.
Намояндагони соҳаи тандурустии давлати Лаҳистон изҳор доштанд, ки тӯли чанд рӯз аст, ки аз фаъолияти кормандони тандурустии ВМКБ диданд менамоянд бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷидди ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад.
Табибони вилоят кӯшиш намуданд, ки аз тамоми усулҳои табобати ҷаҳони истифода намоянд ва бемориро ба як ҳолати муқаррари гардонданд. Қайд намуданд, ки гурӯҳи онҳо ба давлатҳои Қирғизистон ва Италия сафар намуда ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки дар ин давлатҳо новобаста аз синну сол фавт хеле зиёд ба назар расид аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Онҳое ки фавтиданд касалиҳои дигар музмин низ доштанд. Бинобар ин фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи хело калон низ хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *