НАҚШАИ ПУЛИ ” СЕЛХОЗТЕХНИКА” МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

17 июн раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ бо гурӯҳи кории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз макони сохтмони пули ” Селхозтехника” дидан намуданд.
Зимни боздид намояндаи корхонаи воҳиди давлатии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиёти кишвар , кормандону мутахассисони соҳаи нақлиёти ВМКБ ва ҷумҳурӣ, асосан масъалаи сохтмони пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Селхозтехникаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд карда шуд, ки пули мазкур бо дарозии умуми 200 метр, дарозии асосии пул 100 метр ва 100 метри дигар эстакадаро ташкил медиҳад. Паҳнои умумии пул 10 метр ташкил дода аз он ҷумла ду хати ҳаракати роҳ 3.5 метр ва роҳравҳо бо паҳнои 1.5 метр то 2.25 сохта хоҳад шуд. Дар ҷойҳои имконпазир ҷой барои кабудизоркунӣ низ бо паҳнои 1.5 метр ба инобат гирифта мешавад. Сохтмони пулро Ширкати давлати Туркия ба ӯҳда дорад.
Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ соли 2021 сохмони ин пули мошингузар оғоз мегардад ва барои ин муҳим аст, ки масоили кучонда бурдани хонаҳо, лоиҳасозиву дигар корҳои марбут ба сохтмон омӯхта шаванд ва баъдан ба қисми сохтмонӣ бояд гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *