ДАР ҚАЛБИ ҲАР МАРДИ ВАТАНДӮСТ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ АЗ ДИГАР МАНФИАТҲО БОЯД БОЛОТАР БОШАД.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар ҷараёни пурсиш аз роҳбарони мақомоти дахлдор ва таҳлилу баррасии масъала диққати ҳозиронро ба он ҷалб намуд, ки тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мавзӯи фароху доманадор ва ниҳоят масъулиятнок аст ва он фақат вазифаи Раёсати ҷавонон ва варзиш нест, дар ҳалли ин масъала бояд тамоми сохторҳои давлатӣ, олимону адибон, мутахассисони тамоми соҳаҳо, зиёиён фаъол бошанд. Ҳувияти миллиро фақат бо гузарондани суҳбату мулоқот ва гузарондани чанд чорабинии фарҳангӣ таҳким бахшидан амри маҳол аст. Ҷавонон бояд таърих, фарҳанг, суннатҳои аҷдодиро дуруст омӯзанд ва онро дар мавриди зарурӣ истифода бурда тавонанд. Дар ин даврони тӯфони ҷаҳонишавӣ он миллату давлате худро аз нестшавӣ наҷот мебахшад, ки мардумаш босавод, хештаншинос ва бо таъриху фарҳанги ҳазорсола ошно бошад. Дар қалби ҳар марди ватандӯст бояд ҳувияти миллӣ аз манфиатҳои маҳаллию мазҳабӣ болотар бошад. Ватандӯсту хештаншинос будан ин маънои чанд шеъри ватандӯстона навиштану чанд суруди ватандӯстона сароиданро надорад. Ватандӯст он шахсест, ки дар ободии Ватан саҳмгузор бошад, кори некеро анҷом диҳад, ки он ба манфиати халқу Ватан бошад. Раиси вилоят вобаста ба ин мисоли зиёдеро ба забон овард ва аз масъулини ин кор тақозо намуд, ки нақша ва ё барномаи мукаммалро вобаста ба шароиту имконоти вилоят таҳия ва пешниҳод намоянд.
(иқтибос аз суханронии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар машварати назорати)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *