Нуҳмоҳаи соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус барои ВМКБ пурбарор ва хотирмон боқӣ монд.

Нуҳмоҳаи соли 2020 новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус барои ВМКБ пурбарор ва хотирмон боқӣ монд. Зеро мардуми шарифи вилоят дар ин вақт зери роҳбари ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқболи як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ аз қабили Иди Садда, рузи Артиши миллӣ, рӯзи Модарон, ҷашни Наврўз, иди Меҳргонро ҷашн гирифта, арзишмандтарини он чорабинии муҳими сиёси ин интихоботи вакилон ба МММО ҶТ ва вакилони халқ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва алалхусус интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз чорабиниҳои асосии сиёсию давлатии вилоят ин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба шумор меравад. Лозим ба ёдоварист, ки зимни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 45 иншооти гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *