БАРАСИИ МАСЪАЛАИ ДАРСИ “АХЛОҚ ВА МАЪРИФАТ” НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Масъалаи маҳдуд намудани дарси «Ахлоқ ва маърифат » дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят ахиран дар байни аҳоли ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаро ба миён оварда, бо мақсади минбаъд пиёдасозии таълими ин фан раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини шуъба оид ба корҳои дин танзими анъна ва ҷашну маросими макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Консули минтақавӣ, Шурои таълимоти тариқаи исмолия (ИТРЕБ) ва Директори Институи илмҳои гуманитари академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот намуд. Гуфта шуд, ки шуруъ аз солҳои 90-уми асри гузашта, дар асосӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими фанни “Ахлоқ ва маърифат” дар муассисаҳои таълимии қаламрави ВМКБ расман иҷозат дода буд. Бо гузашти аӣём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарси ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боз дошта шудааст. Раиси вилоят ба таҷрибаи таълими ин фан дар кулли мамолик, ки дар онҷо ҷамоати исмоилия иқомат дорад ва кӯдакон фарогири ин таълим ҳастанд, ишора намуда якчанд варианти таълими ин фанро пешниҳод намуд. Баъди ҳаматарфа санҷидани ҳамаи паҳлуҳои шаклҳои пешниҳод шуда ширкатдорон аз мактаб баровардани ин фанро тақозои замон дониста , дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ ) ташкили он барои кӯдакон ва волидайн ба мақсад мувофик шумориданд. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омухта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан возеъ муайян карда шавад. Тарафҳо аз он изҳори каноатмандӣ намуданд, ки имруз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи сокинони саодатманди он дар интихоб ва ширкати худ дар ҳар гуна дину мазҳаб озод ҳастанд ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Чаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар зери назари худ қарор доданд ва кафили ин озодии виҷдон ҳастанд. Шукронаи ин сиëсат аст, ки имрӯз ҷамоати исмолия аз ҳамаи ҳуқуқҳои худ бархурдор буда , бо ҳамаи мусулмонон ва пайравони динҳои дигар дар мамлакат баробар ва дӯстона зиндагӣ ва кор доранд. Кулли сиëсатмадорон ва диншиносони дунë дар ин ҷода ба Тоҷикистону Сарвари он баҳои баланд дода онро сарвати бебаҳо ва кафили асосии ваҳдати милливу рушди кишвар ном бурдандУмед меравад, ки рӯзҳои наздик коршиносони мақомоти давлатӣ ва намояндагони таълимоти мазҳаби модели навро хуб кор карда, таълими ин фан, ки холи аз ҳамаи намудҳои хурофот, бартари додани мақоми як мазҳаб ва ë равия нисбати дигар мазҳаб ва таълимотҳои диниву экстремисти холи буда, фақат ғояҳои беҳтарини ахлоқу маърифатро ба кӯдакон пешкаш менамояд, боз аз нав шуруъ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *