ХОРУҒ 8.02.2021/”Оинаи Зиндагӣ “/АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Санаи 5-феврали соли равон нишасти матбуотӣ бо роҳбарони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шуъбаи рушди сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инчунин бо Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо рӯзноманигорон доир гардид.Мудири шӯъбаи дин танзим анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ғуломнаби Собиров қайд намуд, ки дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳама вақт дар маркази диққат ва таҳти назорат қарор дошта, дар соли 2020 дар шаҳри Хоруғ ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб оид ба иҷрои Қонуни мазкур бо аҳолӣ вохӯриву сӯҳбатҳо доир гардида, ҷаласаҳои кории комиссияи доимии вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида шуд.Ҳисоботи як солаи Бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мудири бахш Ҳавобегим Сафарқулова қайд намуд,ки то давраи ҳисоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66165 нафар кӯдакон сукунат доранд, ки аз ин теъдод 38902 нафар хонанда 786 нафар маъюбон 75 нафар ятими як тарафаро ташкил медиҳанд. Гуфта шуд, ки дар соли 2020 аз ҷониби ноболиғон 17 ҷиноят ба қайд гирифта шуда волидони онҳо ба маблағи 3939 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.Сураҷ Чоршанбиев сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оиди фаъолияти пурсамари ҷавонон дар соли 2020 маълумот дода, қайд намуд, ки ҷавонони вилоят дар самти ватандӯстӣ маҳфилу чорабиниҳои илмӣ ва мусобиқаҳо баргузор намуданд.Дар мавриди фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли сипаришуда мудири шӯъба, Подшохоним Абдураҳмонова ахборот дода қайд намуд, ки имрӯз теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 749 нафар баробар буда 31 фисадро ташкил медиҳанд. Шӯъбаи мазкур дар соли 2020 бо сабаби хурӯҷи бемории сироятӣ ковид-19 натавонист корҳои идеологии худро тибқи нақша рӯйи кор орад. Вале бо вуҷуди ин дар муҳимтарин маъракаҳои сиёсии сол саҳми занон хеле назаррас маҳсуб меёбад.Синбод Амонбеков мудири шӯъбаи рушди сайёҳии вилоят дар бораи соҳаи туризм дар соли сипаришуда ахборот дода қайд намуд, ки бештари нишондиҳандаҳои соҳа нисбати соли 2019 кам ба қайд гирифта шуданд , ки омили асосии паҳншавии ковид-19 ва ворид нашудани сайёҳони хориҷиву ватанӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.Қадамов Шоҳназар

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *