Табрикномаи муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам

Ҳамдиёрони азиз!​ ​ ​​ Хушбахтона имсол низ мардуми шарифи Тоҷикистон аз он ҷумла сокинони сарбаланди ВМКБ ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалиро​ дар руҳияи баланди бунёдкорию созандагӣ ифтихор аз давлату давлатдори ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни муқаддасу таърихи 30 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз қайд менамоянд.Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид​ ​ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди барраси қарор гирифта шуда ин таклифи Пешвои миллати тоҷикон аз тарафи ҳамаи сарони давлатҳо як дилона дастгирӣ гардид.​ Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Мувофиқи қарори СММ ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми давлатҳои дар ҳайати СММ буда ҷашн мегиранд. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони ориёнитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳама зиёд ва хубтару бештар Наврӯзи хуҷастаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистони худамон ҷашн мегиранд ва тамоми расму русуми дар гузашта мардуми ориёӣ доштаро мо дар ҷашни Наврӯз қайд менамоем ва тамоми он бозиҳое, ки дар ин фасл ҳаст, ҷавонон бо меҳру муҳаббати хос қайд мекунанд.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ вобаста ҷаҳони шудани Наврӯзи оламафрӯз қайд доштанд, ки “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп​ ва суннатҳои зиндагисозӣ онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фархангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд”.Мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ​ Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, бузургтарин ва машҳуртарин ҷашни миллии тоҷикон буда, онро дар арафаи омад – омади фасли баҳор, бедории табиату шукуфоии дашту даман истиқбол менамудаанд. Наврӯз дар гирдбоду талотуми таърих ҳастиву мавҷудияташро нигоҳ дошта, бо тамоми рамзу анъана, расму ойинҳояш ба имрӯзиён расидааст. Ин ҷашн ҷашни мардумӣ буда, як рукни ҷудонопазири фарҳангу арзишҳои миллии мо дониста мешавад ва ҷаҳонбинию одамшиносии халқи моро инъикос мекунад.Мо бо шукрона аз амнияту оромӣ дар кишвар, аз осудагию некаҳволии мардуми тоҷик беш аз 30 сол боз Наврӯзи​ муборакқадамро таҷлил намуда, сараввал тамоми саъю кӯшиш ва тавону донишамонро барои тақвияти сулҳу субот дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ равона месозем, чунки ҳеҷ гуна ҷашн бе фазои ором ягон шукӯҳу ҷалоле надорад. Барои ҳамин мо ифтихор мекунем, ки миллати тоҷик ба ин неъмати хеле бебаҳо – тинҷию осудаҳолиро арҷ мегузорад ва бо шодиву нишот ба истиқболи он ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, Наврӯзи ҷаҳониро бо тамоми ойину суннатҳои деринаш таҷлил менамоянд.​​ ​ ​ Наврӯз ҷашнест, ки маҳаки инсонгароӣ дошта, мардумро ба накӯкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, кӯмак ба ниёзмандон, ободонӣ, хайру сахо, ҳурмату эҳтиром, покиву тозагӣ, сарсабзию шукуфоии табиат даъват менамояд ва баҳри ҳар иқдоми нек замина мегузорад. Дар​ Бадахшон Наврӯзи Бостонӣ дорои баъзе хусуиятҳои ҷолиби худ аст, ки аз гуногунрангии фарҳанги миллати тоҷик​ дарак медиҳад. Дар аксари навоҳии Бадахшон дар рӯзи нахусти ид баъди анҷоми покори ва тоза кардани хонаҳои аҷдодию гирду атроф,​ пухтани таомҳои наврӯзӣ сар мекунад. Дар рӯзи дуввум аҳли хонавода бо таомҳои наврӯзи ба хонаҳои ҳамдигар, махсусан назди бузургсолон ва ашхоси муътабари маҳалла рафта, бо салому пайғоми наврӯзӣ эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷавҳари инсонпарастии ин ҷашни ниёгонро хосатан таъкид намудаанд: «Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта,​ накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад».Тавре Пешвои миллат​ зикр кардаанд, ҷашни Наврӯз ҷанбаи диниву мазҳабӣ надорад ва инсондӯстиву дӯст доштани табиат меҳвари аслии онро ташкил медиҳад. Ба ин маънӣ, Навруз хеле пештар аз ойини оташпарастӣ пайдо шудааст, аз ин рӯ,​ он ҷашни сирф мардумиву миллӣ буда, бо ин ва дигар мазҳабу боварҳо робитае надорад. Дар Навруз рӯзу шаб баробар шуда, иқлим муътадил мегардад ва замина барои корҳои баҳорӣ муҳайё мегардад.Ҳамаи Шумо – ҳамдиёрони азизу арҷмандро бо ҷашни муборак Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик мегӯям, ба Шумо ва хонадони Шумо покию сафо, хайру сахо, сидқу вафои наврӯзиро таманно менамоям.2 225Охват (люди)374ВзаимодействияПродвижение недоступно

9999Комментарии: 2Поделились: 13НравитсяКомментироватьПоделиться

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *