ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ ВА АХБОРОТИИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ДАР ВИЛОЯТ.

Дар бинои дастгоҳи Раиси ВМКБ бо дастгирии Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Маркази иттилоотӣ ва ахборотии ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз ҷониби Раиси вилоят Ёдгор Файзов ва директори иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист Ҳадӣ Ҳусайнӣ ифтитоҳ гардид. Бояд тазаккур дод, ки Марказ бо таҷҳизоти ҳозиразамони компютерӣ, нусхабардорӣ, наворгирию сабткунӣ муҷаҳаз буда, ба таври доимӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Мутасаддиёни Марказ ҳангоми муаррифии он иттилоъ доданд, ки мақсад аз ташкили ин Марказ дар он аст, ки он тавассути интернет тамоми раёсату муассисаҳои дахлдорро ба ҳам пайваст намуда, маълумоти зарурӣ дар байни онҳо табодул ёфта, саривақт ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти дахлдори марказӣ иттилоъ пешниҳод мегардад. Марказ ба таври маҷозӣ маълумот оиди вазъи обу ҳаво, кушода ё баста шудани роҳҳо ва дигар ҳолатҳоро дар ҳудуди муайян пайгирӣ намуда, сари ҳар вақт масъулинро аз вазъи мавҷуда огоҳ месозад. Инчунин, дар вақти зарурият, роҳбарияти вилоят имкон дорад, ки ба таври маҷозӣ фавран бо тамоми масъулини марбута ва роҳбарияти мақомоти марказӣ дар робита қарор гирифта, мушкилоти мавҷударо баррасӣ ва ҷиҳати ҳалли он чораандешӣ намояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *