ИҶРОИ БУҶЕТИ ВМКБ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2021

Нет описания фото.

Нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 111,9 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 81,8 млн сомонии пешбинишуда ба буҷет 91,5 млн сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби даромадҳои худдӣ дар ин давра маблағи 9,7 млн сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид. Иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет дар давраи ҳисоботиро ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон таъмин намуданд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 162298,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки ин 99,8 % нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети вилоят 90.2 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нӯҳмоҳа 269 млн 904,7 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 243 млн 483,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 90.0 фоиз, маориф 89,5 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 92,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 95,2 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 80,5 фоиз, фарҳанг ва варзиш 88,7 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 80.2 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 1 млн 986,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2021 ба маблағи 44,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ба давраи ҳисоботи қарздори аз ҳисоби музди меҳнати кормандони буҷети дар вилоят вуҷуд надорад. Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилоят барои зимистонгузаронӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 64,3%, Барои хариди ангиштсанг ва ҳезум дар соли 2021-ум маблағи 11188,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, аз он барои соҳаи маориф маблағи 8680,9 ҳазор сомонӣ (77,6 фоиз), тандурустӣ маблағи 1986,2 ҳазор сомонӣ (17,8 фоиз), ва соҳаи фарҳанг маблағи 520,9 ҳазор сомонӣ (4,7 фоиз) ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *