Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 27 – умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Возможно, это изображение (1 человек)

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ!
Ба қабули ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии олии кишварамон – нахустконститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон расо 27 сол пур мешавад. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу вахдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо- ҳамдиёрони азиз ва тамоми мардуми шарафманди Бадахшонро бо фарорасии ҷашни 27 – солагии ин санаи муҳими таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон фазои тинҷу осуда ва рӯзгори хушу фаровон таманно менамоям.
Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлати мустақил аст, ки дар он пояҳои давлатдорӣ, роҳу равиши ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин вазифаю масъулияти ӯ дар назди ҷомеа, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа дақиқан муайян карда шуданд.
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгу ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат ба дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тариқи коршиносони ҷомеаи пешрафта ва демократии ҷаҳон ба тарзи сазовор баҳогузорӣ ва қадр карда шудааст. Он воқеъан ҳам ифодагари иродаи содиқонаи мардум ва таҷассумгари воқеии муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои давлатҳои муштаракулманофеъ дуюмин мебошад, ки ба тариқи раъйпурсӣ қабул гардид. Он истиқлолияти кишварамонро пойдор ва сиёсати давлатдории моро ба низом даровард. Аз ин хотир рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 ба таърихи давлатдории навини тоҷикон чун рӯзи муқаддас ва сарнавиштсоз дохил шуд. Аҳамияти тақдирсози ин қутбномаи миллату мамлакат аз он иборат аст, ки он аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон ба таври ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён соҳибистиқлолии бадастоварда ва роҳи интихобкардаи халқамонро дар давлатдории муосир эътироф ва эълон намуд.
Дар моддаи аввали Конститутсия орзуву ормони чандинҳазорсолаи халқи тоҷик оиди бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ сабт гардид. Ин мақсаду маром ва ҳадафи таърихии халқамонро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 8 сентябри соли 1993 дар суханронии худ бо ифтитоҳи ҷашни дуюми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзёбӣ карда буд: «Мақсади мо бунёд кардани ҷамъияти мутараққӣ аст. Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ормони мо давлатест, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавму миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳуқуқу қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ мекунад, ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва миллӣ мусоидат мекунад».
Қобили зикр аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боби махсус – боби ҳафтум бахшида шуда, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дошта, бе розигии он ҳудуди вилоятро тағйир додан мумкин нест. Мутобиқи моддаи 53-и Сарқонун яке аз муовинони раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад.
Яке аз вазифаҳои асосие, ки бояд ба ҳалли он ҳарчӣ зудтар муваффақ гардем, дар зеҳну шуури ҳар як шаҳрванди вилоят, хусусан ҷавонон ба вуҷуд овардани руҳияи эҳтироми хоса нисбат ба Конститутсия ҳамчун Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати муҳимтарини аз тарафи халқ қабулшуда мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба ҳадафи асосии худ, ки дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, яъне барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқубунёд муваффақ хоҳем гашт.
Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо бо ҷашни 27- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон саломативу хонаободӣ ва тавфиқу барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *