ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ВМКБ

Возможно, это изображение (5 человек и люди стоят)

Субҳ имрӯз дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров таҷлил Рузи таъсисёбии милитсияи тоҷик бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Мирзоев Нусратулло, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ҳайати шахсии Раёсат, собиқадорон, аъзони Ситоди байниидоравии мақомоти таъмин амният дар ВМКБ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамаи кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ – ро бо рузи таъсисёбиашон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ табрику муборакбод намуда қайд доштанд, ки ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Дар тӯли солҳои зиёд аз рузи таъсисёбии мақомоти милитсия ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *