БОИСИ ИФТИХОР АСТ!

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят, люди сидят, в помещении и текст)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо хушнуди эълон медорад, ки директори Осорхонаи кишваршиносӣ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Хушомади Алидод дар Озмуни байналмилалии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” бо маърӯзаи “Аз ноумедӣ ба сӯйи умед” дар байни иштироккунандагони панҷ давлати дунё дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гардидааст. Ҳамчунин иштироккунандагони фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Маҳмадалӣ Партов ва Парвиз Донаёров сазовори ҷойҳои якум, Ҳабиби Саодатқадам, Беҳрӯзи Бахтибек ва Ҷасур Шохуморов сазовори ҷойи дуюм ва 8 нафар намояндагони ВМКБ сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо мукофоти пулӣ қадри гардиданд.
Ба ин хотир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шахсан иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ҳар кадоми ин шахсиятҳо барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи баланд муаррифии намудани Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ишғоли ҷойҳои намоён изҳори сипос ва самимияти қалбиро изҳор медорад.
Шумо намунаи ибрати насли ҷавон ва ифтихори мо ҳастед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *