Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, олимон ва коршиносон сурат гирифт, масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯи зикргардида Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ва дигарон суханронӣ карда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Ширкаткунандагони конференсияи илмӣ перомуни афкори дунявӣ ва тафаккури миллӣ, дунявият ҳамчун асоси пойдории давлат ва сохти конститутсионӣ, нақши таълим ва ҷаҳонбинии илмӣ дар рушду устувории пояҳои давлатдории миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

В Душанбе обсуждены вопросы освещения светскости в классической таджикской литературе

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /НИАТ «Ховар»/Сегодня в Национальной академии наук Таджикистана состоялась научная конференция на тему «Значение светских идей в формировании национального самосознания». Об этом НИАТ «Ховар» сообщили в Национальной академии наук Таджикистана.

На этом мероприятии высокого уровня, в котором приняли участие руководство Национальной академии наук Таджикистана, Министерства образования и науки, ученые и специалисты, были обсуждены вопросы освещения светскости в классической таджикской литературе.

По вышеуказанной теме выступили Президент Национальной академии наук Таджикистана академик Фарход Рахими, член-корреспондент Национальной академии наук Таджикистана, доктор политических наук Саймумин Ятимов, директор Центра письменного наследия НАНТ, кандидат исторических наук Рахматкарим Давлатов, профессор Таджикского национального университета, литературовед Хафиз Рахмон и другие, которые высказали свои мнения.

Участники научной конференции обменялись мнениями о светской мысли и национальном мышлении, светскости, как основе незыблемости государства и конституционного строя, роли образования и научного мировоззрения в развитии и устойчивости национальной государственности.