Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хабар дод, ки маблағгузорӣ барои азнавсозии хати об ва ташноби шаҳри Хоруғ шурӯъ гардид.

Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хабар дод, ки маблағгузорӣ барои азнавсозии хати об ва ташноби шаҳри Хоруғ шурӯъ гардид. Ба ин хотир озмун барои ду тендер бо маблағи 930 000 долар эълон карда шуд. Дар рӯзҳои наздик боз озмуни мазкур барои се тендери нав баргузор мешаванд.
Шартномаи ҳамкорӣ оид ба тоза ва коркарди партовҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баъди анҷоми таътили вакилон ҷиҳати таҳлилу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон манзур мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо барои барқароркунии хати обу ташноб ва коркарди партовҳои сахт 8 миллион евро ҷудо намуда буд, ки 4 миллион еврои он ба тариқи грант ҷудо гардида буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *