МИЗИ МУДАВВАР


Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгири ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” бо ҷавононе, ки дар идораву муассисаҳои давлатӣ кору фаъолият карда истодаанд, баргузор гардид.
Солеҳҷони Адабҷон намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҷавонони имрӯз бояд бо истифода аз имконоти мавҷуда ба солим гардонии ҷомеа ва ташвиқи варзиш миёни ҷавонон фаъол бошанд. Ба варзиш ҷалб намудани наврасону ноболиғон яке аз роҳҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. 
Ғолиб Ниятбеков мудири бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят изҳор доштанд, ки дар фазои иттилоотӣ имрӯз хеле бо суръат ташвиқу тарғиби ҳамагуна равияҳо рафта истодаанд. Ҷавонон бояд ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоиро зиёдтар намоянд. Фазое, сиёсие ки мо имрӯз мо дар он зиндагӣ дорем бояд ба қадри он бирасем ва дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошем. 
Сураҷ Чоршанбиев сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят низ аз фаъолияти раёсат дар вилоят ёдоварӣ намуда қайд кардан, ки масъулини кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят оиди пешгири намудани шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ семинарҳо ва чорабиниҳо миёни ҷавононро баргузор намуд. 
Дар анҷоми мизи мудаввар баҳсу мунозираҳо оиди мавзӯи мазкур дар байни ҷавонону ноболиғон ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *