ТАБРИКОТ

Басо ифтихормандам, ки яке аз шахсиятҳои намоёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Соҳиба Давлатшоева бо ҳамроҳии ансамбли мусиқию фолклории “Бадахшон”, варзишгарони машуҳр Шакармамад Мирмамадов ва Сомон Мамадбеков дар арсаи байналмилали миллати тоҷикро дар сатҳи баланд муаррифи намуданд. Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзандони бонанги Бадахшонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Ғалабаи ин шахсиятҳои фидокору заҳматпеша барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ имрӯзҳо боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад ва зиндагиномаи ин шахсиятҳо намунаи олии меҳнатдӯстиву фидокорӣ барои ҷавонони имруза мебошад ва ин омил барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ мусоидат менамояд.

Бо эҳтиром Раиси Вилояти 
Мухтори Куҳистони Бадахшон 
Ёдгор Файзов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *