НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ТАНДУРУСТӢ: “КАРОНАВИРУС” БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТ ТАҲДИД НАМЕКУНАД.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти хабарӣ бо Раёсати тандурустии вилоят ва сохторҳои он доир гардид.
Фарид Музаффаров, сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни посух ба саволи хабарнигорон вобаста ба эҳтимолияти сироятёбии сокинони вилоят аз «коронавирус» гуфт, ки айни замон ягон нафар бо нишонаҳои ин беморӣ дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта нашудааст. Дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии халқии Хитой аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ситоди доимоамалкунанда ба таври шабнарӯзӣ фаъолият мекунад. 28 нафар шаҳрвандон, ки тариқи гузаргоҳи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Мурғоб вориди вилоят гардиданд, аз ташхиси тиббӣ гузашта, чор нафари онҳо бо табъи баланд дар шуъбаи сироятии беморхонаи минтақавии ноҳияи Мурғоб бистарӣ гардиданд. Хушбахтона, дар онҳо нишонаҳои ин беморӣ муайян нашудааст. Муассисаҳои тиббии назди сарҳадӣ бо маводи аввалияи доруворӣ ва хӯрок таъмин мебошанд.
Вобаста ба бозгашти шаҳрвадони Тоҷикистон, бахусус сокинони вилоят аз давлати Хитой ва имкониятҳои табобат дар кишвар, сардори Раёсати тандурустӣ зикр кард, ки дар марҳилаи кунунӣ 30 нафар сокинони вилоят дар ин кишвар қарор доранд. Дар сурати интиқол ёфтани онҳо ба вилоят тариқи гузаргоҳи Қулма барои дар карантин нигоҳ доштани онҳо 20 кати хоб дар заминаи беморхонаҳои минтақавии Тохтамиш, Кунакурған ва Аличур омода мегардад. Илова бар ин, дар назди терминали якуми наздисарҳадӣ барои бистарикунонии 30-50 нафар шароит муҳайё гардидааст.
Дар мавриди табобати «коронавирус» қайд гардид, ки дар худи давлати Хитой то ҳоло доруи зидди вирусӣ истеҳсол нагардидааст ва айни замон барои табобати «коронавирус» истифода аз ҳар гуна доруҳои табобатӣ тавсия дода шудааст.
Санҷишҳои назоратӣ пурзӯр мегарданд
Соли 2019 аз тарафи мутахассисони Раёсати хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят 143 санҷиши нақшавӣ ва 62 санҷиши ғайрнақшавӣ дар муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа 34 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 48 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар рафти санҷиш дар дорухонаҳои шаҳри Хоруғ ва муассисаҳоли тиббию профилактикии вилоят 71 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 3 ҳазору 480 адад аз муомилот гирифта шуданд. Ба тариқи мактубҳо бошад, аз дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ 56 номгуи маводи доруворӣ мусодира гардида, нисбати 13 нафар ҷаримаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 32 ҳазору 480 сомонӣ татбиқ шуд.
Дар ин бора сармутахассиси Раёсати хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Зуҳро Олимшоева ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *