СОЛИ 2020 КОНИ АНГИШТИ РАВНОБ БА КОР МЕДАРОЯД.

​ ​ Машварати назоратии​ назди​ раиси​ Вилоят Мухтори Кухистони Бадахшон​ ​ бо​ иштироки​ муовини​ аввали​ раиси​ вилоят, муовинони раиси​ вилоят,​ раиси​ шаҳри​ Хоруғ, роҳбарони мақомоти​ ​ ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят, идораву​ муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони ВАО доир гардид, ки​ масъалаҳо​ дар бораи​ “Рафти​ иҷрои​ қарори​ раиси​ вилоят​ аз 15 апрели соли​ 2019 оид ба иҷрои​ Қарори​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ аз​ 29​ марти​ соли​ 2019 “Дар бораи сари​ вақт омода​ намудани соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш​ дар​ мавсими​ зимистони​ солҳои​ 2019-2020”, “Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ аз 12 октябри соли 2015 “ар бораи тайёрӣ ва гузаронидани​ барўйхатгирии​ аҳолӣ ва​ фонди​ манзили​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ дар​ соли​ 2020”​ ва “ Ахборот​ дар​ бораи​ риояи​ ​ Қонуни​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ “Дар бораи​ муроҷиатҳои шахсони​ воќеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро​ ​ мавриди​ баррасӣ қарор​ дод.​ ​ ​
​ ​ ​ ​ Латиф​ Шоҳзодаев,​ сардори​ Раёсати​ иқтисод ва савдои​ вилоят​ доир ба​ масъалаи​ якуми​ машварат​ ахборот​ дода, зикр​ намуд, ки дар масъалаи​ ​ омодагӣ​ ба зимистонгузаронӣ​ дар вилоят корҳои муайян​ ​ иҷро​ шуда, натиљаҳои​ муайян ба​ даст​ омаданд. Дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети​ маҳаллӣ барои иҷрои корҳои таъмирӣ, харидани сўзишворию равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла ангишт ва ҳезум​ дар соли 2019 маблағи​ 9441114 сомонӣ ҷудо​ гардид, ки​ ​ 9232142 сомонӣ​ ё худ 97,8 фоизи он​ ба​ ин​ мақсад​ сарф​ шудааст.
Зимни​ муҳокимаи​ масъала Ёдгор​ Файзов, раиси​ вилоят зикр кард, ки​ зимистони​ соли​ гузашта​ моро​ ҳушдор​ дод, ки он дар шароити​ ​ Бадахшон​ ба​ чӣ​ қодир​ аст.​ Имсол​ зимистони​ вилоят​ нисбатан хеле​ камбориш​ омад,​ аз​ ин набояд​ ​ хотирҷамъ​ шуд. Зеро аслан​ зимистони​ Бадахшон​ дар​ пеш​ аст. Боришоте, ки​ пешгӯӣ​ мешавад​ ва дар манотиқи​ болоии​ вилоят​ ҳукми​ анъана​ дорад, роҳбарони идораву муассисаҳоро водор месозад, ки ба он​ ҳамаљониба омода бошанд. Бахусус муассисаҳои​ нигаҳдории роҳҳо бояд аз​ мушкилоти​ ​ зимистони​ гузашта хулосаи​ даркорӣ бароранд.
Раиси вилоят ҳамчунин таъминоти муассисаву идораҳо ва аҳолиро бо ангиштсанг ҷињати​ гаронии нархи он дар​ вилоят​ аз мушкилоти мавсими​ зимистонгузаронӣ арзёбӣ намуд. Тавре таъкид шуд, нархи​ як тонна ангишт​ дар​ худи​ конҳои​ ҷумҳурӣ​ вобаста​ ба​ сифат​ аз 265 то 295​ сомониро ташкил медиҳад. Вале​ нархи​ он​ мувофиқи​ ҳуҷҷатҳои​ тендерӣ то​ ноҳияи​ Ишкошим​ ба​ 1400​ сомонӣ мерасад. Яъне​ роҳкирои овардани​ як тонна​ ангишт нисбат​ ба​ нархи худи он 3-4 баробар​ қиматтар​ меафтад. Раиси вилоят аз он​ изҳори​ нигаронӣ​ кард, ки сифати ангишт на дар ҳамаи муассисаҳо​ мувофиқи матлаб​ аст. Мушоҳида​ мешавад, ки​ дар як​ муассиса сифати​ ангишт бад бошад​ ҳам, нархи он баланд, дар​ мавриди​ дигар сифати​ ангишт​ хубтар,​ вале​ нархи​ он​ ​ пасттар​ аст. Ҳодисаҳои дахолати​ раисони​ ​ ноҳияҳо​ ба масъалаи дастраскунии​ ангишт​ ба​ муассисањо​ низ​ љой​ доранд. Нисбати баргузор намудани​ тендери​ харид​ эрод​ гирифта​ шуд. Таъкид​ гардид, ки​ минбаъд бе​ гузаштани тендер​ ангишт​ ба​ муассисаҳо​ дастрас​ карда​ нашавад. Раиси​ вилоят​ дастур​ дод, ки​ айни​ замон​ масъалаи​ таъминот​ бо​ ангишт​ дар​ ҳамаи​ муассисаҳои​ маориф​ ва​ тандурустӣ бори​ дигар​ санҷида шуда, муассисаҳое, ки аз талаботи воқеиашон камтар сўзишворӣ гирифтаанд, аз ҳисоби​ маблағҳои​ аз​ дигар​ сарчашмаҳо​ ​ дастрасшуда​ ​ бо​ ​ маводи​ сўхт​ пурра​ таъмин​ карда​ шаванд. Мушкилоти​ вилоят дар таъмини​ муассисаҳои​ соҳаи​ иҷтимоӣ ва​ аҳолии​ вилоят​ дар​ самти​ таъминот​ бо ангиштро​ ба​ инобат​ гирифта,​ ​ Пешвои миллат​ ​ муҳтарам​ Эмомалӣ​ Раҳмон​ дар​ маҷлиси​ Ҳукумати​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ ба​ ширкати​ “ТАЛКО”​ дастур​ доданд, ки​ ҷиҳати​ коҳиш​ додани​ нархи​ ангишт​ дар​ вилоят​ ва​ сифати​ он​ ​ ​ соли​ равон​ кони​ Равноби​ ноҳияи​ Дарвоз​ ба​ истифода​ дода, тобистони​ ҳамин​ сол​ вилоятро​ пурра​ бо​ ангишт таъмин намояд.​ Ҳамзамон​ раиси​ вилоят супориш​ дод, ки​ сохторҳои​ дахлдор соли​ равон маблағҳои​ барои​ зимистонгузаронӣ равонашудаи​ буҷаро​ таҳти​ назорати​ қатъӣ​ гирифта, ба​ он​ бояд​ ноил​ гардид, ки​ дар​ заминаи​ паст​ кардани​ нархи​ ангишт​ ҷиҳати​ дастрас кардани он аз​ кони​ ангишти​ Равноб​ таъминоти​ он​ дар​ муассисаҳо 30-40​ фоиз​ зиёдтар​ карда​ шавад.

​ ​ ​ ​ ​ Раиси​ вилоят​ аз он изҳори​ ташвиш​ кард, ки​ дар​ асари​ хуруҷи​ касалии​ ба​ ном “коронавирус”​ дар​ Ҷумҳурии Мардумии Чин​ шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ- Кулма​ баста​ шуд. Ин​ ба баланд шудани​ нарху​ наво​ боис​ мегардад. Вале​ онро​ кушода​ мондан ҳам​ аз​ ин​ хавфноктар​ аст. Зеро касалӣ​ метавонад, тариқи гузаргоҳи​ ​ Кулма​ ба​ Тоҷикистон​ гузар​ кунад. Раиси​ вилоят​ бо​ такя​ ба​ иттилои​ мақомотҳои​ дахлдор иттилоъ​ дод, ки​ ​ Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ҷиҳати​ пешгирии​ ​ интиқоли​ “коронавирус”​ ба​ кишварамон​ тамоми​ чорабинињоро​ роҳандозӣ намудааст. Дар​ худи​ гузаргоҳи​ Кулма​ ва​ ноҳияи​ Мурғоб барои​ безараркунонии​ шахсоне, ки​ аз давлати​ Хитой​ ба​ Тоҷикистон​ ворид​ мешаванд, тадбирҳои​ зарурӣ​ андешида​ шуда, айни​ ҳол 27 нафар​ дар​ ин​ ҷо​ дар​ карантин​ қарор​ доранд. Иззори​ боварӣ карда​ шуд, ки​ имконияти вуруди​ ин​ касалӣ​ ба​ Тоҷикистон​ хеле​ маҳдуд​ аст. Дар​ баробари​ ин​ ба​ мақомотҳои​ дахлдор​ дастур​ дода шуд, ки доир​ ба​ ин​ масъала байни​ мардум корҳои​ фаҳмондадиҳиро​ ба​ роҳ​ монанд.
​ Раиси вилоят ҳамчунин доир ба маъракаи интихоботи​ дарпешистода, пеш бурдани корҳои фањмондадиҳӣ, ташкили​ муташаккилонаи​ он​ дастурҳо дод.
Дар​ машварат масъалаҳои​ дигари​ рўзнома низ шунида,​ муҳокима​ шуда, доир​ ба​ онҳо​ қарорҳои дахлдор​ қабул гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *